Дар остонаи фарорасии иди моҳи шарифи Рамазон ҳайати шахсии Раёсати нозиротӣ-ташкилии Вазорати корҳои дохилӣ ба мактаб-интернати №1-и шаҳри Душанбе бо маблағи пулии зиёда аз 1000 сомонӣ кӯмаки хайрия расонид.
Бино ба иттилои маркази матбуоти ВКД ҶТ, ҳамчунин аз ҷониби кормандони Раёсати мазкур барои оилаҳои кормандоне, ки ҳангоми адои хизмат фавтидаанд, маводи ғизоӣ аз қабили орд, биринҷ, равған ба маблағи беш аз 900 сомонӣ кӯмаки моддӣ расонида шуд.
Зимнан зикр мегардад, ки ҳайати шахсии Раёсати нозиротӣ-ташкилии ВКД мудом аз ҳолу аҳволи фарзандони бесаробонмондаи кормандони собиқи худ, ки ҳангоми адои хизмат фавтидаанд, бохабар шуда, кӯмаку дастгирӣ менамоянд.




Ҷашни Меҳргон дар Душанбе чӣ гуна таҷлил гардид?
Дар Душанбе шаҳраки нави саноатӣ ва се корхонаи калон ба истифода дода шуд
Интиқодҳо аз сабқати Асҳоб Тамаев дар Душанбе. Дар Тоҷикистон пойгаи мошинҳо иҷозат аст?
“Як паёмак сабаб шуд”. Додситонии Хатлон бархе ҷузъиёти ба дарё андохтани 4 кӯдак аз сӯи модарашонро шарҳ дод
"Моҳӣ дар шаст” соҳиби Шоҳҷоизаи Синамоҷашнвораи байналмилалии “Тоҷи Сомон” шуд. Боз кӣ ва чӣ ҷоиза гирифт?
Боздошти як нафари дигар бо гумони қаллобӣ дар фурӯши хона дар Душанбе
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи "Киштии Нӯҳ"-и Юнус Юсуфӣ | Қисми 3
Даргузашти Кароматуллоҳи Мирзо, Нависандаи халқии Тоҷикистон дар 83-солагӣ
Нон дар Тоҷикистон чанд сомонӣ аст?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 октябри соли 2025
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста