Анонс
- 26 июл зимни нишасти хабарии Донишкадаи такмили ихтисоси назди президенти ҶТ аз фаъолияти Донишкада дар нимсолаи аввали соли равон натиҷагирӣ мешавад. Оғоз соати 10:00;
- 26 июл дар тарабхонаи Belluci таҳти унвони «Академияи кулинарии кӯдакона» чорабинӣ доир мегардад. Оғоз соати 12-00;
- 26 июл дар аквапарки «Делфин» чорабинии фароғатӣ созмон дода мешавад. Оғоз соати 23-00;
- 27 июл дар боғи ботаникии «Боғи Ирам» Фестивали II-юми тобистонаи «Табассум намо ва эҷод кун» доир мегардад. Оғоз соати 10-00;
- 28 июл дар Тоҷикистон Иди Рамазон таҷлил мегардад. Дар тамоми масҷидҳои кишвар намози ид баргузор мешавад;
Қ урби асъор
Қурби асъор нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон), ки Бонки миллии ҷумҳурӣ ба ин сана муқаррар кардааст:
1 доллари ИМА - 4.9620 сомонӣ;
1 евро - 6.6401 сомонӣ;
1 рубли русӣ - 0.14 14 сомонӣ.
Як р ӯ зи таърих
26 Июл
1993 — Дар Русия пулҳои истеҳсоли шӯравӣ (барориши солҳои 1961-1992) аз муомилот бароварда шуда, дар қаламрави ин кишвар рубли нави русӣ ҷорӣ гардид.
2001 – Дар Минск сарони кишварҳои Белорусу Тоҷикистон А.Лукашенко ва Э.Раҳмонов дар бораи афзудани ҳаҷми интиқоли нахи пахтаи тоҷик ба Белорус то 5 ҳазор тонна ба мувофиқа расиданд.
2002 – Бо фармони президенти ҶТ низоми иҷрои ҷазои ҶТ аз ВКД ба тобеъияти Вазорати адлия гузаронида шуд.
2003 – Суди олии ҶТ иштирокчиёни куштори журналистон В.Никулин ва М.Олимпурро ба 22 ва 15 соли зиндон маҳкум кард.
2006 — Бо иштироки сарони кишварҳои Тоҷикистону Эрон Эмомалӣ Раҳмон ва Маҳмуди Аҳмадинажод маросими анҷоми корҳои асосӣ дар нақби «Истиқлол» ва ифтитоҳи корхонаи муштараки истеҳсоли тракторҳои «Ҳумо» доир гардид.
1955 – Зодрӯзи актёри театр, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон Юнусалӣ Эргашев.
1958 – Мавлуди журналист Бӯрибек Бӯрибеков.
27 Июл
1992 – Дар Хоруғ аз ҷониби роҳбарони мақомоти идоракунии давлатӣ, пешвоёни созмонҳои ҷамъиятӣ, қумондонҳои саҳроии ҶТ Созишнома дар бораи сулҳ ба имзо расид.
2010 – Президенти ҶТ ба сохтмони бинои нави Осорхонаи миллии Тоҷикисоон ҳусни оғоз бахшид.
2011 — Президенти ҶТ лоиҳаи қонун «Дар бораи афв»-ро ба баррасии вакилон пешниҳод намуд.
1926 – Зодрӯзи наворбардори кино, Корманди шоистаи фарҳанги Тоҷикистон Владимир Бидило.
1935 — Мавлуди актёри кино Марат Орифов
1938-1993 – Зодрӯзи нависанда Пиримқул Сатторӣ.
1944 – Мавлуди доктори улуми фалсафа, профессор, арбоби давлатӣ Кароматулло Олимов.
1957 – Зодрӯзи мураббии таэквон-до, Корманди шоистаи Тоҷикистон Мирсаид Яҳёев.
Вазъи обу ҳ аво
Обуҳавои р ӯ зҳои 26-27-уми июли соли 2014
Дар вилояти Хатлон — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.
Ҳарорат: дар водиҳо шабона +22+27, рӯзона +36+41, дар доманакӯҳҳо шабона +15+20, рӯзона +31+36.
Дар вилояти Суғд — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.
Ҳарорат: дар водиҳо шабона +17+22, рӯзона +34+39, дар доманакӯҳҳо шабона +10+15, рӯзона +25+30.
Дар Ноҳияҳои тобеи марказ — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.
Ҳарорат: дар водиҳо шабона +16+21, рӯзона +34+39, дар доманакӯҳҳо шабона +13+18, рӯзона +30+35.
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.
Ҳарорат: дар ғарби ВМКБ шабона +15+20, рӯзона +30+35; дар шарқи вилоят шабона +4+9, рӯзона +19+24.
Дар шаҳри Душанбе — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.
Ҳарорат: шабона +17+19, рӯзона +36+38.
Дар шаҳри Қӯрғонтеппа — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.
Ҳарорат: шабона +21+23, рӯзона +37+39.
Дар шаҳри Хуҷанд — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.
Ҳарорат: шабона +20+22, рӯзона +35+37.
Дар шаҳри Хоруғ — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.
Ҳарорат: шабона +15+17, рӯзона +32+34.




Ҷашни Меҳргон дар Душанбе чӣ гуна таҷлил гардид?
Дар Душанбе шаҳраки нави саноатӣ ва се корхонаи калон ба истифода дода шуд
Интиқодҳо аз сабқати Асҳоб Тамаев дар Душанбе. Дар Тоҷикистон пойгаи мошинҳо иҷозат аст?
“Як паёмак сабаб шуд”. Додситонии Хатлон бархе ҷузъиёти ба дарё андохтани 4 кӯдак аз сӯи модарашонро шарҳ дод
"Моҳӣ дар шаст” соҳиби Шоҳҷоизаи Синамоҷашнвораи байналмилалии “Тоҷи Сомон” шуд. Боз кӣ ва чӣ ҷоиза гирифт?
Боздошти як нафари дигар бо гумони қаллобӣ дар фурӯши хона дар Душанбе
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи "Киштии Нӯҳ"-и Юнус Юсуфӣ | Қисми 3
Даргузашти Кароматуллоҳи Мирзо, Нависандаи халқии Тоҷикистон дар 83-солагӣ
Нон дар Тоҷикистон чанд сомонӣ аст?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 октябри соли 2025
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста