Дар ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон фонди дастгири занҳо таъсис дода шуд.

Бино ба гуфти раиси ноҳияи Ёвон Амирбек Маҳмадалиев,  заноне, ки хоҳишу истеъдод доранду ба роҳандозии тиҷорати худ имконоти молӣ надоранд, метавонанд аз ҳисоби ин фонд кумак дастрас намуда, ба фаъолият оғоз кунанд.

«Ин маблағҳо, ки аслан аз 2,5 то 3 ҳазор сомониро ташкил медиҳанд, қарз набуда, балки кумаки  бебозгаштанд. Андеша мекунам, бо ин роҳ мо имконият пайдо мекунем, ки садҳо занҳои ноҳияро бо ҷои кор таъмин кунем ва то андозае мушкили иҷтимоии онҳоро ҳал намоем», - иброз дошт раиси ноҳия.

Зимнан зикр гардид, ки занони хоҳишманди роҳандозии тиҷорат метавонанд ба шуъбаи занони ноҳия ҳуҷату дархости худро пешниҳод кунанд. «Мо дархости онҳоро омӯхта, барояшон маблағ ҷудо мекунем», - афзуд Амирбек Маҳмадалиев.