Дар доираи чорабиниҳо оид ба пешгирии нашъамандӣ ва паҳншавии маводи нашъаовар кормандони Раёсати Агентии назорати маводи нашъаовари назди президенти ҶТ дар ВМКБ дар лагери истироҳат ва солимии «Шабдез»-и ноҳияи Роштқалъа бо кӯдакон мулоқот оростанд.
Бино ба маълумоти маркази робита бо ҷомеаи Агентӣ, кормандон ба кӯдакон бо тарзи фаҳмову дастрас дар бораи таъсири манфӣ ва зараровари маводи нашъаовар ба ҷисми ҳанӯз комилан ташаккулнаёфтаи онҳо маълумоти муфассал доданд.
«Ҳадафи аслӣ аз баргузории чунин чорабиниҳо таблиғи тарзи ҳаёти солим, яъне ҳаёт бидуни маводи нашъаовар сарфи назар аз синнусол, ҳолати маънавӣ ва моддии шахс аст. Зимни мулоқот кӯдакон оид ба масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳашон оид ба ин мушкилот саволҳо дода, посухи қаноатбахш гирифтанд», - гуфтанд дар Агентӣ.
Зимнан зикр гардид, ки дар фарҷоми вохӯрӣ викторина баргузор шуда, ба иштирокчиёни фаъоли он туҳфаҳои хотиравии Агентӣ тақдим гардиданд.



Ҷашни Меҳргон дар Душанбе чӣ гуна таҷлил гардид?
Дар Душанбе шаҳраки нави саноатӣ ва се корхонаи калон ба истифода дода шуд
Интиқодҳо аз сабқати Асҳоб Тамаев дар Душанбе. Дар Тоҷикистон пойгаи мошинҳо иҷозат аст?
“Як паёмак сабаб шуд”. Додситонии Хатлон бархе ҷузъиёти ба дарё андохтани 4 кӯдак аз сӯи модарашонро шарҳ дод
"Моҳӣ дар шаст” соҳиби Шоҳҷоизаи Синамоҷашнвораи байналмилалии “Тоҷи Сомон” шуд. Боз кӣ ва чӣ ҷоиза гирифт?
Боздошти як нафари дигар бо гумони қаллобӣ дар фурӯши хона дар Душанбе
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи "Киштии Нӯҳ"-и Юнус Юсуфӣ | Қисми 3
Даргузашти Кароматуллоҳи Мирзо, Нависандаи халқии Тоҷикистон дар 83-солагӣ
Нон дар Тоҷикистон чанд сомонӣ аст?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 октябри соли 2025
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста