Ба муносибати таҷлили ҷашни 23-юмин солгарди истиқлолияти ҷумҳурӣ мавриди истифода қарор додани ҳадди ақал ҳудуди 20 иншооти таъиноти гуногун дар Кӯлоб дар назар аст.

Сармеъмори шаҳри Кӯлоб Зоиршо Ғозиев ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки дар ин қатор ба истифода додани маҷмааи комили варзишӣ дар боғи истироҳату фарҳанг пешбинӣ шудааст, ки аз ҳисоби воситаҳои Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди ҳукумати ҶТ сохта мешавад.

«Маҷмаа аз майдонҳои бозии басткетболу волейбол ва тӯби дастӣ, ҳамчунин дигар майдонҳои варзишӣ иборат хоҳад буд», - иброз дошт ӯ.

Ба гуфтаи сармеъмор, хурсандиовар аст, ки ин дафъа соҳиборони ноҳияи Кӯлоб, ки зербинояш нисбати шаҳр хеле қафомонда аст, ташаббус нишон дода, дар тамоми маҳаллаҳои бузурги аҳолинишини 4 ҷамоат то 9-уми сентябр марказҳои тиҷорату хизматгузорӣ, нуқтаҳи фурӯши сӯзищворӣ ба аҳолӣ, мағозаҳои масолеҳи сохтмон ва нуктаҳои фурӯши газ мавриди истифода қарор мегиранд ва дар ин иншоот 120 нафар сокинони маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ таъмин мегарданд.