- Қатъи дастрасӣ ба шабакаи иҷтимоии «Одноклассники» дар Тоҷикистон ба манфиатҳои корбарон зиён оварда, ҳамчунин таҷассумгари далели он аст, ки дар қонунгузории миллӣ дар ин бахш тартиби саҳеҳу шаффофи танзими мушкилоти мазкур пешбинӣ нашудааст, - гуфта мешавад дар изҳороти расмии хадамоти матбуоти Mail.Ru Group.
Дар изҳороти расмӣ зикр мегардад, ки шикоятҳои нахустин дар мавриди дастнорас будани шабакаи иҷтимоӣ дар Тоҷикистон ҳанӯз рӯзи 18-уми июл расидаанд.
«Сарфи назар аз муроҷиатҳои сершумор ба мақомоти танзимкунандаи Тоҷикистон, ба мо муяссар нашуд, ки сабабҳои маҳдуд шудани дастрасӣ ба шабакаи иҷтимоӣ дар қаламрави кишварро маълум намоем. Аз ҷониби намояндагони ин мақомот ба мо ягон дархости расмӣ нарасидааст», - таъкид мегардад дар изҳорот.
Ҳамчунин гуфта мешавад, раҳбарияти Mail.Ru Group за тамоми имконоташ истифода дорад, то ки ҳарчи зудтар дастрасӣ ба корбарони шабака дар қаламрави Тоҷикистонро барқарор намояд.
«Мо бар ин назарем, ки вазъи мавҷуда ба манфиатҳои ширкатҳои бузурги фароҳамсози интернет низ зиён оварда, қонунгузории кишвар махсусияти кори ширкатҳои фароҳамгари интернетро ба инобат намегирад», - омадааст дар изҳорот.
Ёдрас мекунем, ки субҳи рӯзи 19-уми июл бархе аз корбарони интернет дар Тоҷикистон хабар доданд, ки ба шабакаи «Одноклаасники» дастрасӣ надоранд. Инҳо корбарони ширкатҳои фароҳамсози интернети «Сатурн Онлайн», «Вавилон Т», «Мегафон Тоҷикистон», «Телеком Технолоҷи ва «Tcell» буданд.




Ҷашни Меҳргон дар Душанбе чӣ гуна таҷлил гардид?
Дар Душанбе шаҳраки нави саноатӣ ва се корхонаи калон ба истифода дода шуд
Интиқодҳо аз сабқати Асҳоб Тамаев дар Душанбе. Дар Тоҷикистон пойгаи мошинҳо иҷозат аст?
“Як паёмак сабаб шуд”. Додситонии Хатлон бархе ҷузъиёти ба дарё андохтани 4 кӯдак аз сӯи модарашонро шарҳ дод
"Моҳӣ дар шаст” соҳиби Шоҳҷоизаи Синамоҷашнвораи байналмилалии “Тоҷи Сомон” шуд. Боз кӣ ва чӣ ҷоиза гирифт?
Боздошти як нафари дигар бо гумони қаллобӣ дар фурӯши хона дар Душанбе
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи "Киштии Нӯҳ"-и Юнус Юсуфӣ | Қисми 3
Даргузашти Кароматуллоҳи Мирзо, Нависандаи халқии Тоҷикистон дар 83-солагӣ
Нон дар Тоҷикистон чанд сомонӣ аст?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 октябри соли 2025
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста