Кумитаи забон ва истилоҳоти назди ҳукумати ҷумҳурӣ дурустии истифодаи забони давлатӣ дар васоити ахбори умуми Тоҷикистонро мавриди санҷиш қарор медиҳад.

Зимни нишасти хабарии имрӯза дар посух ба савол бобати ҷавобгӯ будани забони ВАО ба талаботи қонун «Дар бораи забони давлатии Тоҷикистон», раиси Кумитаи мазкур Гавҳар Шарофзода посух дод, ки «алҳол кумита ин масъаларо дар ВАО-и маҳаллӣ насанҷидааст».

«Нимсолаи дуюми соли равон Кумита ба санҷиши ВАО, аз ҷумла радио ва телевизион оғоз мекунад. Аксари рекламаҳо бо забони русӣ садо медиҳанд, ки мухолифи меъёрҳои қонун аст. Мо санҷиш гузаронида, тағйироту илова дар фаъолияти онҳоро пешниҳод мекунем», - қайд кард Шарофзода.

Ба гуфтаи ӯ, ҷиҳати роҳ надодан ба иштибоҳот дар реклама ва ҳамчунин дигар самтҳои фаъолият, танҳо ширкати алоқаи мобилии Tcell бо кумита ҳамкорӣ мекунад. «Ҳатто қабл аз ирсоли смс-паёмаки табрикотӣ ё смс-паёмак оид ба эълони аксия барои муштариён, кормандони ширкат ҷиҳати санҷиши дурустии навишти матн ба мо муроҷиат менамоянд», - зикр кард раиси Кумита.