Рӯзи 29-уми июл раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ роҳбари лоиҳаи миллии Идоракунии захираҳои обӣ дар Тоҷикистон Мариан Шиманович ва ҳайати ҳамроҳонашро ба ҳузур пазируфт.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд, дар ҷараёни мулоқот масъалаи оғози марҳилаи аввали лоиҳаи мазкур дар вилояти Суғд мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Роҳбари вилоят амалишавии ин лоиҳаро бо қаноатмандӣ пазируфта таъкид намуд, ки дар шароити имрузаи минтақа, ки раванди ислоҳоти замин ва ташкили хоҷагиҳои деҳқонии оилавию инфиродӣ идома дорад, таъминот бо оби полезӣ хеле муҳим аст. Зеро дар аксари навоҳии кишоварзӣ хоҷагидорон ба оби полезӣ ба таври кифоягӣ дастрасӣ надоранд ва ин муамморо худи онҳо дар алоҳидагӣ бартараф карда наметавонанд.
Изҳор гардид, ки то имрӯз дар вилоят наздик 30 ҳазор хоҷагии шакли нав ташкил шудааст ва 80 фоизи онҳо аллакай бо сертификат таъмин мебошанд. Барои хоҷагиҳои нав бошад, фароҳам овардани шароти мусоиди фаъолият аз ҳадафҳои асосии мақомоти иҷроия мебошад, ки ташкили ассотсиатсияҳои истифодабарандагони об ва танзими корбарии захираҳои обӣ барои истифодаи баробар ва самаранок аз ҷумлаи тадбирҳои андешидашуда ба ҳисоб мераванд.
Мариан Шиманович – роҳбари лоиҳаи Идоракунии захираҳои обӣ дар Тоҷикистон барои қабул ва мусоидат дар амаликунии лоиҳа изҳори сипос кард ва умедворӣ намуд, ки ҳамкории тарафайн дар самти амалисозии лоиҳаи мазкур манфиатнок хоҳад шуд. Лоиҳаи минтақавии идоракунии захираҳои обӣ дар доираи стратегияи швейтсарӣ оид ба ҳамкорӣ имкон медиҳад, ки вазъи таъминоти об бо истифодаи роҳу усулҳои муосиру самаранок дар минтақа беҳтар гардад. Марҳилаи аввали татбиқи лоиҳа, дар ҳамкорӣ бо ташкилоти «Хелветас Свисс Интеркооперейшн» - и Шветсария, Оҷонсии ҳамкории техникӣ ва Оҷонсии олмонӣ оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ роҳандозӣ хоҳад шуд ва доираи фаъолияташ ҳавзаҳои дарёи Сир, аз ҷумла ҳавзаи Оқсу ва ҳавзаи Хоҷабокирғонро дар бар хоҳад гирифт. Банизомдарории захираҳои обӣ дар ин ҳавзаҳо ва автоматикунонии онҳо имкон медиҳад, ки таъминоти об дар чор навоҳӣ – Бобоҷон Ғафуров, Спитамен, Ҷаббор Расулов ва Ғончӣ то андозае ҳалли худро ёбад.




Ҷашни Меҳргон дар Душанбе чӣ гуна таҷлил гардид?
Дар Душанбе шаҳраки нави саноатӣ ва се корхонаи калон ба истифода дода шуд
Интиқодҳо аз сабқати Асҳоб Тамаев дар Душанбе. Дар Тоҷикистон пойгаи мошинҳо иҷозат аст?
“Як паёмак сабаб шуд”. Додситонии Хатлон бархе ҷузъиёти ба дарё андохтани 4 кӯдак аз сӯи модарашонро шарҳ дод
"Моҳӣ дар шаст” соҳиби Шоҳҷоизаи Синамоҷашнвораи байналмилалии “Тоҷи Сомон” шуд. Боз кӣ ва чӣ ҷоиза гирифт?
Боздошти як нафари дигар бо гумони қаллобӣ дар фурӯши хона дар Душанбе
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи "Киштии Нӯҳ"-и Юнус Юсуфӣ | Қисми 3
Даргузашти Кароматуллоҳи Мирзо, Нависандаи халқии Тоҷикистон дар 83-солагӣ
Нон дар Тоҷикистон чанд сомонӣ аст?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 октябри соли 2025
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста