Мактаби рақами 14-и шаҳри Душанбе боз ба кӯдакистон табдил дода шуда, толибилмони ин мактаб аз 1-уми сентябр дар мактаби нав ба таҳсил мепардозанд.
Сардори Раёсати маорифи шаҳри Душанбе Ҳамидулло Фақиров дар ин робита изҳор намуд, ки тамоми толибилмон ва ҳайати омӯзгорони ин муассисаи таълимӣ ба мактаби рақами 8 гузаронида мешаванд, ки баъди таъмиру таҷдид аз соли нави хониш ба фаъолият шурӯъ мекунад.
Ба гуфтаи вай, мутобиқи қарори раиси пойтахт Маҳмадсаид Убайдуллоев, ҳанӯз 10 сол қабл бинои кӯдакистон ба ихтиёри мактаби рақами 14 супурда шуда, акнун дар ин ҷо боз муассисаи томактабӣ амал хоҳад кард.
Мудири мактаби рақами 8-и пойтахт Н.Ғайратова ба Азия-Плюс» дар мавриди ин масъала қайд кард, ки толибилмони мактаби мазкур, ки дар давраи таъмиру азнавсозии мактаб ба дигар муассисаҳои таълимии шаҳр гузаронида шуда буданд, ба мактаби нав бармегарданд, аммо на ҳамаи толибилмон паси мизи мактаби «пешина»-и худ нишаста метавонанд. «Дар байни толибилмони синфҳои 10 ва 11 озмун гузаронида шуда, танҳо афроде, ки муваффақона аз он мегузаранд, дар мактаби нав таҳсил карда метавонанд», - иброз дошт мудири мактаб.
Ба гуфтаи ӯ, кӯдакони дар ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт иқоматдошта ба синфи якуми мактаб қабул карда мешаванд ва ин гуфтаҳои ӯро Фақиров ҳам тасдиқ намуда, зикр кард, ки ба синфи якуми мактаби нав қабули кӯдакон танҳо тибқи маҳалли зист сурат мегирад.
«То 1-уми август мо шумори толибилмони мактабҳои №8 ва №14-ро ба ҳисоб гирифта, сипас муайян хоҳад шуд, ки боз чӣ қадар қабули толибилмон имкон дорад. Дар робита ба омӯзгорон бошад, гуфтаниам, ки ҳамаи онҳо бо ҷойҳои корӣ таъмин карда мешаванд», - афзуд номбурда.
Қобили зикр аст, ки маросими ботантанаи ифтитоҳи мактаби №8 -и шаҳри Душанбе баъди таъмиру азнавсозӣ санаи 19 марти соли ҷорӣ бо иштироки президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон баргузор шуд.
Бинои нави ин мактаб бо тарҳи хеле зебои замонавӣ ва беҳтарин шароити таълимӣ барои 2700 хонанда дар 2 баст бо харҷи 29 миллион сомонӣ маблағҳои буҷетӣ бунёд ёфтааст. Кунун мактаб аз 5 бинои таълимӣ, ки сетоаш чорошёна, яке сеошёна ва панҷумаш дуошёна мебошад, иборат аст. Илова бар ин, мактаб дорои бинои маҷмааи махсуси варзишӣ мебошад, ки он аз ҳавзи шиноварӣ, толори универсалии варзишӣ, толор барои тенниси рӯи миз ва ошхона бо 192 ҷойи нишаст иборат аст.




Ҷашни Меҳргон дар Душанбе чӣ гуна таҷлил гардид?
Дар Душанбе шаҳраки нави саноатӣ ва се корхонаи калон ба истифода дода шуд
Интиқодҳо аз сабқати Асҳоб Тамаев дар Душанбе. Дар Тоҷикистон пойгаи мошинҳо иҷозат аст?
“Як паёмак сабаб шуд”. Додситонии Хатлон бархе ҷузъиёти ба дарё андохтани 4 кӯдак аз сӯи модарашонро шарҳ дод
"Моҳӣ дар шаст” соҳиби Шоҳҷоизаи Синамоҷашнвораи байналмилалии “Тоҷи Сомон” шуд. Боз кӣ ва чӣ ҷоиза гирифт?
Боздошти як нафари дигар бо гумони қаллобӣ дар фурӯши хона дар Душанбе
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи "Киштии Нӯҳ"-и Юнус Юсуфӣ | Қисми 3
Даргузашти Кароматуллоҳи Мирзо, Нависандаи халқии Тоҷикистон дар 83-солагӣ
Нон дар Тоҷикистон чанд сомонӣ аст?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 октябри соли 2025
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста