Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев директрони ду бозорро аз мансаб барканор намуда, фаъолияти ду бозори хусусӣ дар шаҳри Душанберо манъ кард. Дар ин бора зимни нишасти матбуотӣ намояндагони мақомоти шаҳрдории пойтахт хабар доданд.
Ба гуфтаи муовини раиси пойтахт Бурҳон Назаров, барои иҷро нашудани тавсияҳои мақомоти шаҳрдории пойтахт бобати танзими нарху наво ба маҳсулоти ғизойӣ дар моҳи шарифи Рамазон, директорони бозорҳои «Деҳқон» ва «Саховат» аз вазифа озод шудаанд.
«Ба ҳама маълум аст, ки моҳи Рамзон талабот ба гӯшт зиёд мешавад, вале дар ин бозорҳо гӯшти кӯҳнашударо мефурӯхтанд. Ҳамчунин раиси пойтахт изҳор намуд, ки бозорҳои Душанбе ба талаботи санитарӣ ҷавобгӯ нестанд», - иброз дошт вай.
Котиби матбуотии раиси пойтахт Шавкат Саидов зикр кард, ки Маҳмадсаид Убайдуллоев бо соҳибкорон ва директорони бозорҳо машварати таъҷилӣ доир намуда, онҳоро огоҳ намудааст, ки дар сурати иҷро накардани тавсияҳои мақомоти шаҳрдорӣ, фавран аз мансабҳояшон сабукдӯш хоҳанд шуд ва бозорҳои хусусие, ки ин дастурҳоро риоя намекунанд, баста мешаванд.
Зимнан зикр гардид, ки дар ин робита бозори «ҳамдиёрон» дар ноҳияи Фирдавсӣ баста шуда, фаъолияти бозори маҳалли 102-юм мавриди тафтиши мақомоти прокуратура қарор дорад.




Ҷашни Меҳргон дар Душанбе чӣ гуна таҷлил гардид?
Дар Душанбе шаҳраки нави саноатӣ ва се корхонаи калон ба истифода дода шуд
Интиқодҳо аз сабқати Асҳоб Тамаев дар Душанбе. Дар Тоҷикистон пойгаи мошинҳо иҷозат аст?
“Як паёмак сабаб шуд”. Додситонии Хатлон бархе ҷузъиёти ба дарё андохтани 4 кӯдак аз сӯи модарашонро шарҳ дод
"Моҳӣ дар шаст” соҳиби Шоҳҷоизаи Синамоҷашнвораи байналмилалии “Тоҷи Сомон” шуд. Боз кӣ ва чӣ ҷоиза гирифт?
Боздошти як нафари дигар бо гумони қаллобӣ дар фурӯши хона дар Душанбе
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи "Киштии Нӯҳ"-и Юнус Юсуфӣ | Қисми 3
Даргузашти Кароматуллоҳи Мирзо, Нависандаи халқии Тоҷикистон дар 83-солагӣ
Нон дар Тоҷикистон чанд сомонӣ аст?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 октябри соли 2025
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста