Дар шаҳри Қӯрғонтеппа иштирокчиёни ояндаи озмуни ҷумҳуриявии «Маҳсулот ва хизматгузории беҳтарин» аз вилояти Хатлонро муайян карданд.Озмуни интихобӣ санаи 1-уми август дар кохи ба номи Лоҳутӣ баргузор шуда, ба кумитаи тадорукот аз 36 нафар соҳибкорону корхонаҳои хусусӣ оид ба иштирок дархостҳо ворид шуданд.
Директори Раёсати Агентии «Тоҷикстандарт» дар шаҳри Қӯрғонтеппа Икромиддин Валиев ба «Азия-Плюс» дар ин робита изҳор намуд, ки озмуни мазкур бо ташаббуси Агентӣ доир гардида, ҳадаф аз он ноил гардидан ба беҳтар шудани сифати маҳсулоти корхонаҳои ватанӣ ва рушди соҳибкорӣ дар ҷумҳурӣ мебошад.
Баъди мавриди таҳлилу омӯзиш қарор гирифтани маҳсулоти пешниҳодшуда ҳайати ҳакамон ба 23 корхона ҷиҳати иштирок дар озмуни ҷумҳуриявӣ роҳхат дод.
Ситора Шерова, муовини раиси вилояти Хатлон зимни суханрониаш зикр кард, ки ин озмун гувоҳӣ медиҳад, ки истеҳсолкунандагони маҳсулоти вилояти Хатлон сол то сол таҷриба андӯхта, ҷиҳати беҳбуди сифати маҳсулот ва хизматгузориҳо кӯшиш ба харҷ медиҳанд. «Тоҷикистон ба Созмони ҷаҳонии тиҷорат шомил гардида, мо умедворем, ки чунин чорабиниҳо ба рақобтапазир шудани маҳсулоти мо дар бозори ҷаҳонӣ мусоидат мекунанд», - таъкид дошт Шерова.




Ҷашни Меҳргон дар Душанбе чӣ гуна таҷлил гардид?
Дар Душанбе шаҳраки нави саноатӣ ва се корхонаи калон ба истифода дода шуд
Интиқодҳо аз сабқати Асҳоб Тамаев дар Душанбе. Дар Тоҷикистон пойгаи мошинҳо иҷозат аст?
“Як паёмак сабаб шуд”. Додситонии Хатлон бархе ҷузъиёти ба дарё андохтани 4 кӯдак аз сӯи модарашонро шарҳ дод
"Моҳӣ дар шаст” соҳиби Шоҳҷоизаи Синамоҷашнвораи байналмилалии “Тоҷи Сомон” шуд. Боз кӣ ва чӣ ҷоиза гирифт?
Боздошти як нафари дигар бо гумони қаллобӣ дар фурӯши хона дар Душанбе
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи "Киштии Нӯҳ"-и Юнус Юсуфӣ | Қисми 3
Даргузашти Кароматуллоҳи Мирзо, Нависандаи халқии Тоҷикистон дар 83-солагӣ
Нон дар Тоҷикистон чанд сомонӣ аст?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 октябри соли 2025
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста