Бинобар сабаби анҷоми корҳои таъмир, аз рӯзи якшанбе ҳаракати нақлиёт тариқи яке аз хиёбонҳои марказии шаҳри Душанбе – хиёбони Исмоили Сомонӣ (собиқ хиёбони Путовский) маҳдуд мешавад.

Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз мақомоти шаҳрдории пойтахт хабар дод, таъмири роҳ аз Кохи президенти Тоҷикистон то муҷассамаи Абӯалӣ ибни Сино дар доираи омодагии шаҳр ба нишасти моҳи сентябри сарони кишварҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай сурат мегирад. «Ҳаракати нақлиёт дар ин қитъаи роҳ муддати 10-12 рӯз маҳдуд карда мешавад», - гуфт манбаъ.

Зимнан зикр гардид, ки таъмири роҳ марҳила ба марҳила анҷом дода шуда, имрӯз роҳи як қисмати хиёбон – аз Кохи президент то бинои Осорхонаи миллии Тоҷикистон барои ҳаракати нақлиёт баста аст.