Чанде қабл таҳти раёсати раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев доир ба масоили марбут ба омодагии пойтахт ба баргузории нишасти сарони кишварҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ) рӯзҳои 11-12-уми сентябр ва 90-умин солгарди мақоми пойтахтро доро гардидани шаҳри Душанбе машварати махсус баргузор шуд.

Бино ба маълумоти хадамоти матбуоти мақомоти шаҳрдории пойтахт, дар машварати мазкур қарор шуд, ки шурӯъ аз 5-уми август ҳар ҳафта рӯзҳои сешанбе, чоршанбе, панҷшанбе, ҷумъа ва нимаи аввали шанбе роҳбарони шуъбаҳо, раёсати мақомоти шаҳрдорӣ ва ноҳияҳои шаҳр бо ҷалби аҳли ҷомеа баҳри ободонии шаҳр шанбегиҳо доир мекунанд дар ин муддат аз байн бурдани иншооти ғайриқонунӣ роҳандозӣ карда мешавад.

Дар ҳамин ҳол, мутобиқи қарори раиси пойтахт, як қатор кӯчаҳои шаҳр ва муассисаҳои таълимӣ тағйири ном карданд. Ҳамин тариқ, кӯчаи Молодая гвардия ба кӯчаи меъмор Рустам Каримов, кӯчаи Крупская ба кӯчаи ба номи Шоири халқии Тоҷикистон Ашӯр Сафар, мактаби №35 ба номи олим Рустамбек Юсуфов, литсейи №1 ба номи омӯзгор Ниёз Сафар, мактаби №72 ба номи шоира Гулчеҳра Сулаймонӣ, мактаби №87 ба номи нависанда Шодӣ Ҳаниф ва мактаби №97 ба номи собиқ муовини раиси пойтахт Абдулҳақ Оев номгузорӣ шуданд.