Нархи бензини аз ҳама серхаридору писандидаи навъи АИ-92 имрӯз дар Кӯлоб аз 5,3 сомонии қаблӣ то ба 5,8 сомонӣ барои 1 литр боло рафт.
Коршиносони маҳаллӣ ба «Азия-Плюс» дар мавриди ин масъала иброз намуданд, ки тамоили болоравии нархи бензин муддати якуним моҳи ахир тадриҷан идома дорад.
Ба гуфтаи онҳо, қабл аз моҳи Рамазон арзиши 1 литр бензини навъи АИ-92 ба 4,6 сомонӣ баробар буд.
Дар ҳамин ҳол, дар 5 нуқтаи фурӯши маводи сӯзишвории шаҳр ба хабарнигори «Азия-Плюс» кормандон ин вазъро чунин шарҳ доданд, ки сӯзишворӣ бо нархи баланд ба шаҳр ворид мешавад ва дафтари кории асосии ширкатҳои онҳо дар пойтахт фаъолият доранд.
Қобили зикр аст, ки ронандагони автомашинаҳои машғул ба мусофиркашонӣ фавран аз ин вазъ истифода бурда, арзиши роҳкиро барои як нафарро аз 1 сомонӣ то ба 2 сомонӣ боло бурданд.




Ҷашни Меҳргон дар Душанбе чӣ гуна таҷлил гардид?
Дар Душанбе шаҳраки нави саноатӣ ва се корхонаи калон ба истифода дода шуд
Интиқодҳо аз сабқати Асҳоб Тамаев дар Душанбе. Дар Тоҷикистон пойгаи мошинҳо иҷозат аст?
“Як паёмак сабаб шуд”. Додситонии Хатлон бархе ҷузъиёти ба дарё андохтани 4 кӯдак аз сӯи модарашонро шарҳ дод
"Моҳӣ дар шаст” соҳиби Шоҳҷоизаи Синамоҷашнвораи байналмилалии “Тоҷи Сомон” шуд. Боз кӣ ва чӣ ҷоиза гирифт?
Боздошти як нафари дигар бо гумони қаллобӣ дар фурӯши хона дар Душанбе
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи "Киштии Нӯҳ"-и Юнус Юсуфӣ | Қисми 3
Даргузашти Кароматуллоҳи Мирзо, Нависандаи халқии Тоҷикистон дар 83-солагӣ
Нон дар Тоҷикистон чанд сомонӣ аст?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 октябри соли 2025
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста