Анонс

- Дар маҷмааи варзишии Кумитаи андози назди ҳукумати ҶТ маросими қуръапартоии Чемпионати ҷаҳон оид ба таэквон-до (ИТФ), ки рӯзи 7-уми август дар Душанбе оғоз мегардад, баргузор мешавад. Мусобиқаҳои инфиродӣ ва даставии чемпионати ҷаҳон дар ду гурӯҳи синнусолӣ (14-15-сола ва 16-17-сола) доир мегарданд;

- Дар Китобхонаи миллии ҷумҳурӣ бо иштироки президенти Федератсияи байнулмилалии таэквон-до (ИТФ) Чанг Унг Конгресси Федератсияи байнулмилалии таэквон-до (ИТФ) баргузор мешавад.

Қ урби асъор

Қурби асъор нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон), ки Бонки миллии ҷумҳурӣ ба ин сана муқаррар кардааст:

1 доллари ИМА -  4.9785 сомонӣ;

1 евро - 6.6594 сомонӣ;

1 рубли русӣ - 0.138 1 сомонӣ.  

Як р ӯ зи таърих

1945 – Амрикоиҳо ба шаҳри Хиросимаи Ҷопон бомбаи атомӣ афканданд.

1961 – Парвози дуюми инсон ба кайҳон. Кайҳоннавард Герман Титов дар муддати 25 соат 17 маротиба кураи Заминро давр зад.

2001 – Бо қарори Суди олии ҶТ фаъолияти ҳизби сиёсии «Адолатхоҳ» қатъ гардид.

2003 – Пас аз таваққуфи дусола Тоҷикистон интиқоли нерӯи барқ ба Қазоқистонро дубора аз сар гирифт.

2004 – Роҳбари АНМН Ғаффор Мирзоев ба ҳабс гирифта шуда, пас аз се рӯз Прокуратураи генералӣ ба ин иҷозатномаи расмӣ дод. Бо фармони президент ба вазифаи директори АНМН боз Рустам Назаров таъин карда шуд.

2009 — Дар садамаи нақлиёт сардабири ҳафтавори «Зиндагӣ» Қурбоналӣ Хӯҷамов ба ҳалокат расид.

2011 – Дар Тоҷикистон қонун «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» мавриди амал қарор гирифт.

1815 – Зодрӯзи таърихшинос ва табиатшиноси рус Александр Миддендорф.

1859 – Мавлуди геолог ва географи рус, муҳақиқи Қаротегин ва Дарвоз Якрв Эдельштейн.

1933 – Зодрӯзи журналист Бахтибек Асалбеков.

1953 – Мавлуди рассоми кино Манзура Ӯлҷабоева.

1941-2003 – Зодрӯзи оҳангсоз, дорандаи Ҷоизаи ба номи А.Рӯдакӣ Дамир Дӯстмуҳаммедов.

1952-2007 – Мавлуди журналист Имомназар Холназар.

1955 – Зодрӯзи журналист Ҷӯра Назрӣ.

1968 – Мавлуди рӯзноманигор Рустам Турсунов.

Вазъи обуҳаво

Дар вилояти Хатлон —  Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +19+24, рӯзона +36+41, дар доманакӯҳҳо шабона +14+19, рӯзона +29+34.

Дар вилояти Суғд — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +17+22, рӯзона +33+38, дар доманакӯҳҳо шабона +8+13, рӯзона +19+24.

Дар Ноҳияҳои тобеи марказ   — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +14+19, рӯзона +33+38, дар доманакӯҳҳо шабона +11+16, рӯзона +26+31.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.      

Ҳарорат: дар ғарби ВМКБ шабона +11+16, рӯзона +28+33;  дар шарқи вилоят шабона +1+6, рӯзона +17+22.

Дар шаҳри Душанбе — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.  

Ҳарорат: шабона +15+17, рӯзона +36+38.

Дар шаҳри Қӯрғонтеппа — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: шабона +19+21, рӯзона +38+40.

Дар шаҳри Хуҷанд — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот. 

Ҳарорат: шабона +19+21, рӯзона +36+38.

Дар шаҳри Хоруғ — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.   

Ҳарорат: шабона +13+15, рӯзона +31+33.