Донишҷӯи соли сеюми Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Олимҷон Пираҳмад аз Олимпиадаи умумиҷаҳонӣ аз фанни риёзиёт (математика) бо медали тилло баргашт.

Бино ба иттилои сомонаи олимпиада, олимпиада миёни донишҷӯён аз 29-уми июл то 4-уми август дар шаҳри Благоевгради Булғористон доир гардида, дар он 324 нафар донишҷӯ аз 51 кишвари дунё ширкат варзидаанд. О.Пираҳмад зинаи 57-умро касб намудааст. Забони кории олимпиада англисӣ будааст.

Олимҷони Пираҳмад ба «Азия-Плюс» дар ин робита изҳор намуд, ки олимпиада хеле мушкил буда, дар он донишҷӯёни беҳтарини саросари ҷаҳон аз фанни математика иштирок кардаанд. «Давр ин олимпиада донишҷӯён аз ИМА, Бразилия, Колумбия, Олмон, Испания, Италия, Британия, Русия ва Қазоқистон ҳузур доштанд. Далели дар олимпида ҳузур доштани собиқ чемпионҳои ҷаҳон аз сатҳи баланд ва душвории он гувоҳӣ медиҳад», - иброз дошт О.Пираҳмад.

Қобили зикр аст, ки барои Олимҷони Пираҳмад ин медали тиллои аввалин дар олимпиадаҳо нест. Ӯ дорандаи 15 медал, аз ҷумла 7-тоаш тилло ва ҳудуди 50 дипломҳо дар мусобиқаҳои гуногуни байнулмилалӣ аст. Ӯ аз соли 2007, замони таҳсил дар гимназияи «Ҳотам ва ПВ» ба иштирок дар олимпиадаҳои аз фанни математика оғоз карда буд.