Анонс

- Дар маҷмааи варзишии Кумитаи андози назди ҳукумати ҶТ дар шаҳри Душанбе мусобиқоти XI-уми Чемпионати ҷаҳон миёни наврасон ва VI-уми ҷаҳон миёни собиқадорон оид ба таэквон-до (ИТФ) оғоз мегардад. Мусобиқаҳои инфиродӣ ва даставии чемпионати ҷаҳон дар ду гурӯҳи синнусолӣ (14-15-сола ва 16-17-сола) доир мегарданд;

- Дастаи мунтахаби наврасони футболи Тоҷикистон (U-14) дар Чемпионати Осиё дар шаҳри Ҳамадонии Эрон бо дастаи мунтахаби Ироқ қуввваозмоӣ мекунад;

- Дар Маркази тадқиқоти стратегии назди президенти ҶТ маросими муаррифии гузориши таҳқиқотии Маркази тадқиқоти иҷтимоии «Зеркало» дар мавзӯи «Шарҳи бозори ВАО-и электронӣ дар Тоҷикиситон: воқеъият, арзёбӣ ва дурнамо» доир мегардад.

Қ урби асъор

Қурби асъор нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон), ки Бонки миллии ҷумҳурӣ ба ин сана муқаррар кардааст:

1 доллари ИМА -  4.9771 сомонӣ;

1 евро - 6.6642 сомонӣ;

1 рубли русӣ - 0.13 75 сомонӣ.  

Як р ӯ зи таърих

1933 – Ифтитоҳи обсерваторияи гидроглятсионӣ-метеорологӣ дар назди пиряхи Федченко.

2006 — Дар Деҳлӣ аз рӯи натиҷаҳои гуфтушунидҳои Ҳиндустону Тоҷикистон панҷ санади ҳамкории дуҷониба ба имзо расид.

1924-1984 – Мавлуди шоир Муҳиддин Фарҳат

1935 — Зодрӯзи актёри театру кино ва рассом Шавкат Абдусаломов.

1947 – Мавлуди актёри театру кино Раҷабгул Қосимова.

1952 – Зодрӯзи журналист Фаррух Ҳусейнов.

1987 – Мавлуди журналист Мавзуна Абдуллоева.

Вазъи обуҳаво

Дар вилояти Хатлон —  Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +19+24, рӯзона +37+42, дар доманакӯҳҳо шабона +14+19, рӯзона +30+35.

Дар вилояти Суғд — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +19+24, рӯзона +34+39, дар доманакӯҳҳо шабона +8+13, рӯзона +20+25.

Дар Ноҳияҳои тобеи марказ   — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +11+16, рӯзона +32+37, дар доманакӯҳҳо шабона +8+13, рӯзона +27+32.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.      

Ҳарорат: дар ғарби ВМКБ шабона +12+17, рӯзона +28+33;  дар шарқи вилоят шабона +2+7, рӯзона +18+23.

Дар шаҳри Душанбе — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.  

Ҳарорат: шабона +14+16, рӯзона +36+38.

Дар шаҳри Қӯрғонтеппа — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: шабона +20+22, рӯзона +38+40.

Дар шаҳри Хуҷанд — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот. 

Ҳарорат: шабона +20+22, рӯзона +37+39.

Дар шаҳри Хоруғ — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.   

Ҳарорат: шабона +13+15, рӯзона +30+32.