Шоми рӯзи 7-уми август чанде аз ширкатҳои фароҳамсози интернети Тоҷикистон дастрасӣ ба видеохостинги писандидаи YouTube-ро барқарор намуданд.
Ёдрас мекунем, ки субҳи рӯзи 18-уми июл тамоми ширкатҳои фароҳамсози интернет дастрасӣ ба шабакаҳои иҷтимоии YouТube ва Одноклассникиро дар Тоҷикистон қатъ намуданд , аммо то ҳанӯз на ин ширкатҳову на Хадамоти алоқа масъулияти ин амалро ба дӯш нагирифтаанд.
Қаблан раиси Ассотсиатсияи интернет-провайдерони Тоҷикистон Асомиддин Асоев ба «Азия-Плюс» дар ин робита изҳор намуда буд, ки сабаби қатъи дастрасӣ шояд видеороликҳое бошанд, ки як зан додарарӯси сарвари давлатро ба таҷовуз ба номуси духтараш гунаҳкор мекунад. Ҳамчунин ба андешаи ӯ, дар шабакаи иҷтимоии «Одноклассники» идеологияи гурӯҳҳои гуногуни ифротгаро, аз ҷумла «Ҷамоати Ансоруллоҳ»-и ҷанганда дар Сурия фаъолона тарғиб мешавад, ки шояд ин ҳам сабаби баста шудани ин шабакаҳо бошад.
Аммо намояндагони Хадамоти алоқи назди ҳукумати ҶТ зимни нишасти хабарии рӯзи 31-уми июли соли равон изҳор намуданд, ки қатъи дастрасӣ ба шабакаҳои иҷтимоии YouТube ва Одноклассники ба мушкилоти техникӣ вобаста аст.
Бино ба маълумоти Хадамоти алоқаи ҶТ, айни замон шумори корбарони шабакаи Интернет дар Тоҷикистон, ки аҳолиаш ба 8 млн. нафар баробар аст, 3,8 млн. нафарро ташкил медиҳад.




Ҷашни Меҳргон дар Душанбе чӣ гуна таҷлил гардид?
Дар Душанбе шаҳраки нави саноатӣ ва се корхонаи калон ба истифода дода шуд
Интиқодҳо аз сабқати Асҳоб Тамаев дар Душанбе. Дар Тоҷикистон пойгаи мошинҳо иҷозат аст?
“Як паёмак сабаб шуд”. Додситонии Хатлон бархе ҷузъиёти ба дарё андохтани 4 кӯдак аз сӯи модарашонро шарҳ дод
"Моҳӣ дар шаст” соҳиби Шоҳҷоизаи Синамоҷашнвораи байналмилалии “Тоҷи Сомон” шуд. Боз кӣ ва чӣ ҷоиза гирифт?
Боздошти як нафари дигар бо гумони қаллобӣ дар фурӯши хона дар Душанбе
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи "Киштии Нӯҳ"-и Юнус Юсуфӣ | Қисми 3
Даргузашти Кароматуллоҳи Мирзо, Нависандаи халқии Тоҷикистон дар 83-солагӣ
Нон дар Тоҷикистон чанд сомонӣ аст?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 октябри соли 2025
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста
Fazliddin12 август, 2014 08:29
Чаро youtube кор намекунад?