Ба муносибати таҷлили ҷашни навбатии солгарди Рӯзи истиқлолияти ҷумҳурӣ дар пойтахти кишвар ба маблағи умумии 721,4 млн. сомонӣ иншооти таъиноти гуногун ба истифода дода мешаванд.

Тавре ба «Азия-Плюс» сухангӯи раиси пойтахт Шавкат Саидов хабар дод, иншооти мазкур асосан аз ҳисоби маблағҳои буҷети шаҳр ва субъектҳои соҳибкорӣ бунёд шудаанд.

«Дар остонаи таҷлили ҷашни 23-юмин солгарди Рӯзи истиқлолияти Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе якчанд мактабҳои таҳсилоти умумӣ, маркази савдои «Пойтахт-90», меҳмонхонаи панҷситорадори «Sheraton», як манзили истиқоматии 12-ошёна, 11 манзили истиқоматии 9-ошёна ва 8 манзили зисти 5-ошёна, майдонҳои варзишӣ ва дигар иншоот мавриди истифода қарор мегиранд», - иброз дошт ӯ.

Зимнан зикр гардид, ки ҳамчунин аз ҳисоби буҷети шаҳри Душанбе дар ноҳияи Зафаробод дидбонгоҳ барои марзбонон низ ба истифода дода мешавад.