Ҷамъияти саҳҳомии кушода «НБО Сангтӯда-1» дар ҳамдастӣ бо ҶДММ Фонди кумаки «Некӣ» амалмсозии лоиҳаи башардӯстона (гуманирӣ)-ро ба итмом расонид.
Дар ин муддат Маркази ғамхории назди Фонд аз таъмири хушсифат бароварда шуда, барои он таҷҳизоти зарурӣ дастрас карда шуд.
«НБО Сангтӯда-1» корхонаи масъули иҷтимоӣ мебошад. Мо ҳамеша талош меварзем, ки ба ниёзмандону ба ҳимоят эҳтиёҷдоштагон дасти ёрӣ дароз кунем. Аз ин рӯ, сарфи назар аз мушкилоти молии мавҷуда, ба касоне, ки ба кумаки таъҷилӣ ниёзманданд, ёрӣ мерасонем ва минбаъд низ ин сиёсатро роҳандозӣ хоҳем кард», - мегӯяд дар ин робита директори генералии ҶСК «НБО Сангтӯда-1» Павел Лавров.
Директори Фонд Сиддиқ Раҳмонов дар навбати худ зикр кард, ки ба Маркази ғамхории назди Фонд ҳамарӯза 12-15 нафар кӯдакон меоянд ва дар марказ барои истироҳату таҳсил ва барқарор кардани солимии кӯдакон тамом шароитҳо фароҳам оварда шудаанд.
«Ҳадафи аслии фаъолияти Марказ ҳарчи бештар ба таҳсил фарогири кӯдакони маъюб ва ҳамгиройии онҳо ба ҷомеа мебошад. Айни замон 111 нафар кӯдакони маъюби аслан гирифтори бемории фалаҷ таҳти сарпарастиву тарбияти Марказ қарор доранд», - қайд кард ӯ.
Қобили зикр аст, ки Иттиҳодияи хайриву тарбиявӣ ва ҷамъиятии «Фонди кумак ба кӯдакони маъюби «Некӣ» соли 1999 аз ҷониби гурӯҳи маъюбон тасъсис дода шуд.



Ҷашни Меҳргон дар Душанбе чӣ гуна таҷлил гардид?
Дар Душанбе шаҳраки нави саноатӣ ва се корхонаи калон ба истифода дода шуд
Интиқодҳо аз сабқати Асҳоб Тамаев дар Душанбе. Дар Тоҷикистон пойгаи мошинҳо иҷозат аст?
“Як паёмак сабаб шуд”. Додситонии Хатлон бархе ҷузъиёти ба дарё андохтани 4 кӯдак аз сӯи модарашонро шарҳ дод
"Моҳӣ дар шаст” соҳиби Шоҳҷоизаи Синамоҷашнвораи байналмилалии “Тоҷи Сомон” шуд. Боз кӣ ва чӣ ҷоиза гирифт?
Боздошти як нафари дигар бо гумони қаллобӣ дар фурӯши хона дар Душанбе
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи "Киштии Нӯҳ"-и Юнус Юсуфӣ | Қисми 3
Даргузашти Кароматуллоҳи Мирзо, Нависандаи халқии Тоҷикистон дар 83-солагӣ
Нон дар Тоҷикистон чанд сомонӣ аст?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 октябри соли 2025
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста