Бозори «Саховат»-и шаҳри Турсунзода, ки қаблан ба оилаи пешвои Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон Муҳиддин Кабирӣ мутааллиқ буд, кӯчонида шуда, дар ҷойи ӯ маҷмааи варзишӣ сохта мешавад. Дар ин бора санаи 5-уми август раиси шаҳри Турсунзода Бобоалӣ Табарзода фармон ба имзо расонидааст, ки нусхаи онро «Азия-Плюс» дар ихтиёр дорад.
Дар фармон қайд мешавад, ки бозори «Саховат» ба тавозуни ҳукуматдорони шаҳри Турсунзода гузаронида шудааст. «То ҷудо шудани қитъаи замин барои сохтмони бозори нав, мураббии шуъбаи Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳри Турсунзода Муҳаммад Боқиев мувақкатан иҷрокунандаи вазифаи директори бозор таъин мешавад», - гуфта мешавад дар фармон.
Ҳамчунин дар фармони мазкур зикр мегардад, ки дар ҷойи бозор чун пештара варзишгоҳ сохта мешавад.
Аммо собиқ директори бозори «Саховат» Ҷамшед Нарзуллоев ба «Азия-Плюс» дар ин робита изҳор намуд, ки онҳо аз болои ҳукумати шаҳри Турсунзода ба суд шикоят бурданианд, зеро ҳукуматдорон худсарона директори нави бозорро таъин кардаанд ва ин ҳам дар ҳолест, ки амволи он то ҳанӯз ба оилаи Кабирӣ тааллуқ дорад.
«Суд қитъаи замини моро мусодира намуд, вале худи бозор бо тамоми амволаш ба мо тааллуқ дошта, вақте дар ин қитъаи замин ба маблағи 3 млн. сомонӣ амволи мо мавҷуд аст, чӣ гуна директор ва сармуҳосиби бозор каси дигар мешудааст?», - мегӯяд Ҷамшед.




Ҷашни Меҳргон дар Душанбе чӣ гуна таҷлил гардид?
Дар Душанбе шаҳраки нави саноатӣ ва се корхонаи калон ба истифода дода шуд
Интиқодҳо аз сабқати Асҳоб Тамаев дар Душанбе. Дар Тоҷикистон пойгаи мошинҳо иҷозат аст?
“Як паёмак сабаб шуд”. Додситонии Хатлон бархе ҷузъиёти ба дарё андохтани 4 кӯдак аз сӯи модарашонро шарҳ дод
"Моҳӣ дар шаст” соҳиби Шоҳҷоизаи Синамоҷашнвораи байналмилалии “Тоҷи Сомон” шуд. Боз кӣ ва чӣ ҷоиза гирифт?
Боздошти як нафари дигар бо гумони қаллобӣ дар фурӯши хона дар Душанбе
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи "Киштии Нӯҳ"-и Юнус Юсуфӣ | Қисми 3
Даргузашти Кароматуллоҳи Мирзо, Нависандаи халқии Тоҷикистон дар 83-солагӣ
Нон дар Тоҷикистон чанд сомонӣ аст?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 октябри соли 2025
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста