Собиқадори Ҷанги Бузурги Ватанӣ аз Тоҷикистон, сокини шаҳри Душанбе Ҳаким Ҳалимов бори дигар аз маконе, ки барои ҳимояти онҳо замоне ҷангида буд, боздид кард.
Бино ба иттилои портали расмии губернатор ва ҳукумати вилояти Волгогради Русия, санаи 8-уми август иштирокчии 89-солаи муҳорибаҳои Сталинград Ҳаким Ҳалимов аз Тоҷикистон ба шаҳри Волгоград омадааст. Орзуи собиқадори ҷанг ба туфайли дастгирии президенти Русия Владимир Путин ва ҳукумати Волгоград ҷомаи амал пӯшид. Маҳз бо дархости кумак ба ташкили сафар ба Волгоград Ҳаким Ҳалимов ҳангоми гузашти низомии 9-уми май ба Владимир Путин муроҷиат карда буд.
Сарфи назар аз пиронсолӣ, Ҳаким Ҳалимов мустақилона аз зинапояҳои Қӯрғони Мамай боло шуда, ба пояи муҷассамаи ёдгории Ватан-Модар, Оташи абадӣ ва оромгоҳи фармондеҳи артиши 62-юм Василий Чуйков гулчанбарҳо гузошт.
Ба қавли Ҳаким Ҳалимов, боздид аз Сталингради эҳёшуда орзуи ягона ӯ буда, рӯзҳои наздик дидору мулоқоти ӯ бо и.в. раиси вилоят Қаҳрамони Русия Андрей Бочаров ва боздид аз корхонаи «Красний Октябр», ки соли 1941 Ҳаким Ҳалимов коргоҳҳои онро ҳимоя мекард, дар назар аст.
Ҳаким Ҳалимов соли 1926 таваллуд шуда, соли 1942 ба хизмат дар сафҳои Артиши Сурх даъват карда мешавад. Аллакай моҳи декабри соли 1942 сарбози ҷавон дар муҳорибаи Сталинград ишштирок мекунад. Дар муҳорабаҳои шадид ӯ маҷрӯҳ шуда, вале баъди табобат боз ба майдони набардҳо бармегардад. Аз соли 1949 Ҳакимов Ҳалимов дар шаҳри Душанбе иқомат дошта, то ба нафақа баромадан ба ҳайси бинокор фаъолият мекард.




Ҷашни Меҳргон дар Душанбе чӣ гуна таҷлил гардид?
Дар Душанбе шаҳраки нави саноатӣ ва се корхонаи калон ба истифода дода шуд
Интиқодҳо аз сабқати Асҳоб Тамаев дар Душанбе. Дар Тоҷикистон пойгаи мошинҳо иҷозат аст?
“Як паёмак сабаб шуд”. Додситонии Хатлон бархе ҷузъиёти ба дарё андохтани 4 кӯдак аз сӯи модарашонро шарҳ дод
"Моҳӣ дар шаст” соҳиби Шоҳҷоизаи Синамоҷашнвораи байналмилалии “Тоҷи Сомон” шуд. Боз кӣ ва чӣ ҷоиза гирифт?
Боздошти як нафари дигар бо гумони қаллобӣ дар фурӯши хона дар Душанбе
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи "Киштии Нӯҳ"-и Юнус Юсуфӣ | Қисми 3
Даргузашти Кароматуллоҳи Мирзо, Нависандаи халқии Тоҷикистон дар 83-солагӣ
Нон дар Тоҷикистон чанд сомонӣ аст?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 октябри соли 2025
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста