Соли равон аз майдони умумии 51 ҳазору 883 гектар кишти пахта кишоварзони вилояти Суғд беш аз 115 ҳазор тонна ҳосил ба даст оварданианд.

Муовини сардори Раёсати кишоварзии вилояти Суғд Мирзоанвар Аҳмедов ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки соли гузашта пунбадона дар майдони 57,5 ҳазор гекар кишт шуда, 107 ҳазор тонна ҳосили пахта ҷамъоварӣ карда шуд.

Аҳмедов таъкид дошт, ки афзоиши ҳосили пахта аз ҳисоби баланд бардоштани ҳосилнокии он дар назар дошта шудааст. «Мо ба хоҷагиҳову кишоварзони пахтакор пешниҳод кардем, ки дар на камтар аз 50%-и заминҳои обёришавандаашон пунбадона ва дар боқимондааш дигар зироати кишоварзиро кишт кунанд», - иброз дошт ӯ.

Ба гуфтаи номбурда, айни замон дар қаламрави минтақаи шимоли кишвар 54 ҳазор хоҷагиҳои деҳқониву оилавӣ фаъолият доранд, ки барои барои кишт дар қитъаҳои замини худ мустақилона навъҳои зироатро интихоб мекунанд.