Муассисаҳои таҳсилоти умумии шаҳри Қӯрғонтеппа 60-70% ба соли таҳсили нав омода шудаанд.

Чуноне як манбаъ аз маркази санитарию эпидемиологии шаҳри Қӯрғонтеппа хабар дод, корҳои таъмиру сохтмон дар 15 мактаб ва 4 литсейи шаҳр босуръат идома дорад.

«Корҳо дар мактабҳои шаҳр идома дошта, ҷараёни онро шуъбаи маорифи шаҳр ва маркази санитарию эпидемиологии шаҳр назорат мекунанд, аммо таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки бинокорон шояд то 15-уми август, санаи муқаррарнамудаи раиси шаҳр барои қабули корҳо, онро ба итмом расонида натавонанд. Аз ин хотир, гурӯҳи корӣ ба хулосае омадааст, ки дар баробари сохтмончиён кормандони ин муаасисаҳои таълимиро низ, аз ҷумла муаллимону фаррошон ва дигар кормандони техникиро ба корҳо ҷалб намоянд, то ба бинокоронн кумак расонанд»- гуфт манбаъ.

Бояд гуфт, ки ҳокимияти иҷрояии шаҳри Қӯрғонтеппа имсол барои таъмири асосии мактабҳои шаҳр 5 миллион сомонӣ маблағ ҷудо кардааст. Имсол корҳои таъмирирро ширкатҳои сохтмонӣ ки бар асоси тендер ғолиб омадаанд, ба анҷом расонида истодаанд.

Иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Қӯрғонтеппа Амирулло Асадулло зимни нишасти хабарӣ изҳор дошта буд, ки мактабҳои шаҳр дар 20 соли гузашта рӯи таъмири асосиро надида буданд ва имсол роҳбарияти шахр тасмим гирифтааст, ки маблағи муаяйнеро барои таъмири асосии мактабҳо ҷудо кунад.