Бо дастгирии Иттиҳоди Аврупо, намояндагии «Институти инъикоси ҷанг ва сулҳ» (IWPR) дар Тоҷикистон ба журналистони маҳаллӣ меъёрҳои байналмилалии журналистика омӯзонда шуд.
Тавре аз Намояндагии “Институти инъикоси ҷанг ва сулҳ” (IWPR) хабар доданд, санаҳои 8 -9 августи соли 2014 ин ниҳод дар доираи тренинги «Меъёрҳои байналмилалӣ дар журналистика» ба 14 нафар журналисти шаҳри Душанбе ва ВМКБ, меъёрҳои байналмилалӣ ва тарзи навиштани мақолаи таҳлилию хабариро таълим дод.
IWPR дар татбиқи меъёрҳои байналмилалии журналистика, бо мақсади омода намудани мақолаҳои касбӣ инчунин дар расонаҳои маҳаллӣ кам кардани мақолаҳое, ки муаллифони он ба баҳсҳои додгоҳӣ кашида мешаванд, роҳнамоӣ мекунад.
Фирўз Баротов, ҳамоҳангсози лоиҳаҳои ташкилоти байналхалқии International Media Support (IMS), ҳамчун тренер аз таҷрибаи баҳсҳои додгоҳии ВАО-и дохилӣ ва хориҷӣ, ба журналистони ҷавон мисолҳои воқеӣ овард.
Дар раванди тренинг, иштирокчиён мустақиман аз усулҳое кор гирифтанд, ки дар таҷрибаи аксари онҳо бори аввал будааст ва бо ҳамдигар сари пешниҳод намудани мавзӯъ, омода кардани гузориш дар шакли меъёрҳои байналмилалӣ баҳс намуданд. Барои иштирокчиёни тренинг бештар аз ҳама тарзу усули пешниҳоди мавзӯъ ба расонаҳои байналхалқӣ ҷолиби диққат буд.
«Дар давоми ду рӯзи тренинг нозукиҳои зиёди меъёрҳои байнамилалии журналистикаро аз худ кардам, аз ҷумла тарзи омода кардани гузориш, навиштани «лид» ва истифода аз сарчашмаҳои мӯътамад, ки барои мо дар оянда хеле муфид хоҳад буд. Забон ва усули пешниҳоди мавод хеле олӣ буд: тренер ҳар як нуктаро бо мисолҳои воқеӣ шарҳ медод, ки хеле муҳим аст»,- қайд кард Файзалӣ Ниёзов, хабарнигори радиои “Имрӯз”.
IWPR нақша дорад, ки чунин тренингҳоро дар дигар минтақаҳои кишвар низ доир намояд.
Тренинг дар доираи лоиҳаи сесолаи «Тавонмандсозии ВАО ва фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ барои мусоидат ба ислоҳоти демократӣ дар Тоҷикистон» гузаронида шуд, ки он аз ҷониби Иттиҳоди Аврупо дар доираи барномаҳои “Дастгоҳи Аврупо барои рушди демократия ва ҳуқуқи инсон» (EIDHR) дар якҷоягӣ бо Ҳукумати Норвегия ва “Хазинаи миллии рушди демократия” (NED) маблағгузорӣ мешавад.
Лоиҳаи мазкур барои ҳавасмандгардонии ҳамкорӣ байни фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ВАО-и мустақил равона гардидааст. Максади он баланд бардоштани имконоти ВАО-и мустақил барои гузарондани таҳқиқоти журналистӣ ва таҳияи мақолаҳои таҳлилӣ, ҳамчунин ҳавасмандгардонии муколаммаи муассир байни ҳомиёни ҳуқуқи башар, ВАО ва намояндагони мақомоти ҳокимияти маҳаллӣ ба хотири ҳалли мушкилоти аввалиндараҷаи иҷтимоӣ-иқтисодии ҷомеа мебошад.



Ҷашни Меҳргон дар Душанбе чӣ гуна таҷлил гардид?
Дар Душанбе шаҳраки нави саноатӣ ва се корхонаи калон ба истифода дода шуд
Интиқодҳо аз сабқати Асҳоб Тамаев дар Душанбе. Дар Тоҷикистон пойгаи мошинҳо иҷозат аст?
“Як паёмак сабаб шуд”. Додситонии Хатлон бархе ҷузъиёти ба дарё андохтани 4 кӯдак аз сӯи модарашонро шарҳ дод
"Моҳӣ дар шаст” соҳиби Шоҳҷоизаи Синамоҷашнвораи байналмилалии “Тоҷи Сомон” шуд. Боз кӣ ва чӣ ҷоиза гирифт?
Боздошти як нафари дигар бо гумони қаллобӣ дар фурӯши хона дар Душанбе
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи "Киштии Нӯҳ"-и Юнус Юсуфӣ | Қисми 3
Даргузашти Кароматуллоҳи Мирзо, Нависандаи халқии Тоҷикистон дар 83-солагӣ
Нон дар Тоҷикистон чанд сомонӣ аст?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 октябри соли 2025
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста