Хабарнигори ҳафтавори мустақили «Нигоҳ» ва Агентии иттилоотии TojNews дар вилояти Суғд Қамари Аҳрор барои монеъа эҷод кардан ба фаъолияти касбиаш аз болои кормандони милиса ба мақомоти прокуратура шикоят бурд.
Қамари Аҳрорро кормандони милисаи шаҳри Хуҷанд ҳангоми наворбардорӣ дар мусобиқаи байнулмилалӣ оид ба бокс ба хотири гиромидошти номи Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ Исмоил Ҳамзаалиев боздошт намуда, ба шуъбаи корҳои дохилӣ мебаранд. Сипас ӯро бозпурсӣ намуда, баёнот мегиранд ва баъди 3 соат ҷавоб медиҳанд.
Сардори Шуъбаи ВКД ҶТ дар шаҳри Хуҷанд Эмин Ҷалилов ба хабарнигори «Азия-Плюс» дар ин робита изҳор намуд, ки «кормандони милиса касеро маҷбуран ба шуъба наовардаанд ва худи журналист тартиботи ҷамъиятиро риоя накарда, кормандони милиса бошанд, чораҳои қонунӣ андешидаанд».
Ба гуфтаи сардори шуъбаи милисаи шаҳр, созмондиҳандагони чорабинии варзишӣ ба кормандони милиса муроҷиат намуда, дархост кардаанд, ки журналист аз назди майдони қувваозмойӣ дур карда шавад, зеро ба баргузории мусобиқа халал мерасонад.
Дар ҳамин ҳол, чанде қабл Қамари Аҳрор дар бораи нисбаташ содир шудани амалҳои ғайриқонунӣ аз ҷониби кормнадони милиса бо аризаи даъвогӣ ба мақомоти прокуратура муроҷиат кард.
«Ман шояд ба прокуратура муроҷиат намекардам, лекин ҳодисаҳои монеъагузории кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ба фаъолияи касбии журналистон бисёр рух медиҳанд. Чун дар ин ҳолатҳо мо хомӯширо ихтиёр мекунем, онҳо ба чунин амалашон нисбати журналистон идома медиҳанд. Ман хостори онам, ки онҳо низ барои чунин амалашон ҷавобгар бошанд», - иброз дошт Қамари Аҳрор.




Ҷашни Меҳргон дар Душанбе чӣ гуна таҷлил гардид?
Дар Душанбе шаҳраки нави саноатӣ ва се корхонаи калон ба истифода дода шуд
Интиқодҳо аз сабқати Асҳоб Тамаев дар Душанбе. Дар Тоҷикистон пойгаи мошинҳо иҷозат аст?
“Як паёмак сабаб шуд”. Додситонии Хатлон бархе ҷузъиёти ба дарё андохтани 4 кӯдак аз сӯи модарашонро шарҳ дод
"Моҳӣ дар шаст” соҳиби Шоҳҷоизаи Синамоҷашнвораи байналмилалии “Тоҷи Сомон” шуд. Боз кӣ ва чӣ ҷоиза гирифт?
Боздошти як нафари дигар бо гумони қаллобӣ дар фурӯши хона дар Душанбе
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи "Киштии Нӯҳ"-и Юнус Юсуфӣ | Қисми 3
Даргузашти Кароматуллоҳи Мирзо, Нависандаи халқии Тоҷикистон дар 83-солагӣ
Нон дар Тоҷикистон чанд сомонӣ аст?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 октябри соли 2025
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста