Зимни мулоқоти корманди намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар Русия оид ба муҳоҷират бо директори ҶДММ «Стройпромет»-и вилояти Маскав директори ин ширкат Павел Бабанин изҳор намудааст, ки корхонааш мутахассисони бинокори тоҷикро ба кор даъват мекунад.
Тавре ба «Азия-Плюс» сухангӯи намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар Русия Иброҳим Аҳмадов хабар дод, кормандони намояндагӣ аз комплекси сохтмониву истеҳсолии ин корхона боздид намуда, бо шароити кор ва будубоши коргарон шинос шуданд.
«Маълум шуд, ки дар ин ширкат беш аз 15 нафар муҳоҷирони меҳнатии тоҷик машғули кор буда, ҳамаашон бо манзили зист, шароити хуби корӣ ва ҳуҷҷатҳои зарурии будубошу фаъолият дар қаламрави Русия таъминанд», - гуфт вай.
Ба гуфтаи ӯ, зимни вохӯрӣ қайд шудааст, ки ҳамаи кормандон софдилона меҳнат карда, саривақт уҳдадориҳои меҳнаташонро ба иҷро мерасонанд ва инро дар суҳбат худи муҳоҷирон низ тасдиқ намуда, изҳор доштаанд, ки шароити кор ва будубошашон хуб буда, сарвақт музди меҳнаташон пардохта мешавад.
Зимнан зикр гардид, ки аз рӯи натиҷаҳои вохӯрии мазкур миёни намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар Русия ва ин корхона дар бораи ҳамкории минбаъда бобати бо ҷойи корӣ таъмин намудани шаҳрвандони тоҷик шартнома ба имзо расидааст.



Ҷашни Меҳргон дар Душанбе чӣ гуна таҷлил гардид?
Дар Душанбе шаҳраки нави саноатӣ ва се корхонаи калон ба истифода дода шуд
Интиқодҳо аз сабқати Асҳоб Тамаев дар Душанбе. Дар Тоҷикистон пойгаи мошинҳо иҷозат аст?
“Як паёмак сабаб шуд”. Додситонии Хатлон бархе ҷузъиёти ба дарё андохтани 4 кӯдак аз сӯи модарашонро шарҳ дод
"Моҳӣ дар шаст” соҳиби Шоҳҷоизаи Синамоҷашнвораи байналмилалии “Тоҷи Сомон” шуд. Боз кӣ ва чӣ ҷоиза гирифт?
Боздошти як нафари дигар бо гумони қаллобӣ дар фурӯши хона дар Душанбе
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи "Киштии Нӯҳ"-и Юнус Юсуфӣ | Қисми 3
Даргузашти Кароматуллоҳи Мирзо, Нависандаи халқии Тоҷикистон дар 83-солагӣ
Нон дар Тоҷикистон чанд сомонӣ аст?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 октябри соли 2025
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста