Таҳти раёсати Маҳмадсаид Убайдуллоев оид ба тақвияти омодасозии шаҳри Душанбе барои таҷлили 23-солагии Истиклолияти давлатӣ ва гузаронидани ҷаласаи навбатии Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай ва истиқболи 90-солагии мақоми пойтахтро доро гардидани шаҳри Душанбе бо иштироки масъулини сохторҳои марбута ва соҳибмулкони меҳмонхонаву бозорҳои шаҳр ҷаласаи навбатии ихтисосии шаҳрдорӣ доир гашт.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти мақомоти шаҳрдории пойтахт, Маҳмадсаид Убайдуллоев аз фаъолияти роҳбарияти шаҳру ноҳияҳо, мудирони шуъбаҳои дастгоҳи Раиси шаҳр ва сохторҳои марбута, ки бо ҷалби аҳли ҷамоатчигӣ барои ободонию беҳдошти муҳити зист, ба тартиб даровардани намои бинову иншоотҳо, сабзкорию хуррамнигаҳдории дарахту буттаҳо, таъмири ҷории роҳу пиёдаравҳои маҳаллаву шаҳракҳо ва аз байн бурдани иншооти ғайриқонунӣ роҳандозӣ карда шудааст, изҳори нигаронӣ карда, дастур фармуд, ки ҳар кадоме фаъолияташонро бознигарӣ намуда, ҳамарӯза соати 18:30 нисбати корҳои анҷомдода ба Раиси шаҳр ахбор манзур созанд.
Ба иттилои манбаъ, барои таъмин накардани назорати дахлдор оид ба барориши саривақтии партовҳои сахти маишӣ аз ҳудуди шаҳр аз ҷониби сохторҳои ноҳиявӣ, раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев сардори Раёсати ҳифзи муҳити зисти шаҳри Душанбе Абдусалим Ҷӯраевро аз мансаб барканор кард. Ҳамзамон Рустам Баротов – директори КВД «Истеҳсол, харид, захира ва фурӯши маҳсулоти ниёзи аввалия дар шаҳри Душанбе» ва Давлатманд Саидов - директори КВД «Бозори Саховат» таъин карда шуданд.




Ҷашни Меҳргон дар Душанбе чӣ гуна таҷлил гардид?
Дар Душанбе шаҳраки нави саноатӣ ва се корхонаи калон ба истифода дода шуд
Интиқодҳо аз сабқати Асҳоб Тамаев дар Душанбе. Дар Тоҷикистон пойгаи мошинҳо иҷозат аст?
“Як паёмак сабаб шуд”. Додситонии Хатлон бархе ҷузъиёти ба дарё андохтани 4 кӯдак аз сӯи модарашонро шарҳ дод
"Моҳӣ дар шаст” соҳиби Шоҳҷоизаи Синамоҷашнвораи байналмилалии “Тоҷи Сомон” шуд. Боз кӣ ва чӣ ҷоиза гирифт?
Боздошти як нафари дигар бо гумони қаллобӣ дар фурӯши хона дар Душанбе
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи "Киштии Нӯҳ"-и Юнус Юсуфӣ | Қисми 3
Даргузашти Кароматуллоҳи Мирзо, Нависандаи халқии Тоҷикистон дар 83-солагӣ
Нон дар Тоҷикистон чанд сомонӣ аст?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 октябри соли 2025
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста