Имрӯз дар маркази тиҷорати «Душанбе-Плаза» бахшида ба 20-умин солгарди таъсиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ (КҲФ ва МГ)-и назди ҳукумати ҶТ таҳти унвони « КҲФ ва МГ ҶТ – таърих, рушд ва дурнамо» конфронси ҷумҳуриявии илмӣ-амалӣ ба кор шурӯъ намуд.

Тавре ба «Азия-Плюс» котиби матбуоти КҲФ ва МГ ҶТ Ориф Нозимов хабар дод, дар назди иштирокчиёни конфронс муовини нахуствзири ҷумҳурӣ Муродалӣ Алимардон суханронӣ намуда, аз номи раҳбарияти кишвар кормандони кумитаро бо ҷашнашон табрику таҳният гуфт.

«Раиси КҲФ ва МГ Тоҷикистон генрал-полковник Хайриддин Абдураҳимов зимни суханронӣ аз дастовардҳои назарраси наҷотдиҳандагони тоҷик ва вазифаҳои минбаъдаи онҳо сухан гуфт», - қайд кард Нозимов.

Ба гуфтаи ӯ, дар кори конфронс ба ҷуз кормандони Кумита, ҳамчунин намояндагони вазорату идораҳои дахлдори кишвар низ ширкат доранд. «Маҷлиси ботантана ва консерти идонаи устодони санъати Тоҷикистон ба ин муносибат рӯзи 17-уми август дар Театри опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ доир мегардданд», - афзуд номбурда.