Вазорати умури хориҷии Шоҳигарии Арабистони Саудӣ аз ширкати VFS TasHeel International дар назорати раванди пешниҳоди аризаи раводид ба Арабистони Саудӣ кумак дархост кард.
Тавре аз VFS TasHeel International хабар доданд, ҷаноби Ҳамза Бакит Ал-Ҳарбӣї (Hamza Bakit Al Harby), котиби нахусти Сафорати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ дар ш. Душанбе изҳор кардааст, ки «маркази анқариб дар ш. Душанбе ифтитоҳшуда ба шахсоне, ки хоҳиши ба Шоҳигарии Арабистони Саудӣ сафар карданро доранд, инчунин дар пешниҳоди иттилооти зарурӣ оиди Шоҳигарӣ мусоидат хоҳад кард».
Ба иттилои манбаъ, хизматгузорӣ пешниҳоди иттилоот оиди раводид, дастурҳо оиди пешниҳоди ариза барои раводид, коркарди ариза ва судури раводидро дар бар мегирад. Марказ хизматгузориро бо ҷадвали тамдидшудаи рӯзи корӣ дар мавсими пешниҳоди аризаҳои раводид, барои босуръат гардонидани судури раводид ба ҳамаи хоҳишмандон ба роҳ мондааст.
«Маркази нави раводид хуб муҷаҳҳаз гардонида шудааст, равзанаҳои махсусгардонидашудаи хизматрасонӣ ва пештоқи қабул мавҷуданд, ки ҳамаи ин барои баланд намудани малака ва беҳтар гардонидани раванди пешниҳоди аризаҳо барои раводид равона шудааст. Ҳадафи мо – тавассути таҷҳизоти муосир дар Марказ ташкил намудани муҳити воқеан меҳмоннавоз мебошад, ки дар натиҷа раванди пурраи пешниҳоди ариза барои раводид малакаи хубе хоҳад шуд» - изҳор кардааст Мэдхэн Гопалакришнан (Madhan Gopalakrishnan), сарвари кулли VFS TASHEEL International.
VFS TasHeel корхонаи муштараки ширкати бонуфузи ҷаҳонӣ дар соњаи тартибдиҳии раводиди VFS Global (Зерсохтори Kuoni Travel Group, Швейтсария) ва ширкати TasHeel Арабистони Саудӣ мебошад. Корхонаи муштарак назорати раванди пешниҳоди аризаҳои раводидро ба 33 кишвар бо дархости Вазорати умури хориҷии Арабистони Саудӣ амалӣ менамояд.




Ҷашни Меҳргон дар Душанбе чӣ гуна таҷлил гардид?
Дар Душанбе шаҳраки нави саноатӣ ва се корхонаи калон ба истифода дода шуд
Интиқодҳо аз сабқати Асҳоб Тамаев дар Душанбе. Дар Тоҷикистон пойгаи мошинҳо иҷозат аст?
“Як паёмак сабаб шуд”. Додситонии Хатлон бархе ҷузъиёти ба дарё андохтани 4 кӯдак аз сӯи модарашонро шарҳ дод
"Моҳӣ дар шаст” соҳиби Шоҳҷоизаи Синамоҷашнвораи байналмилалии “Тоҷи Сомон” шуд. Боз кӣ ва чӣ ҷоиза гирифт?
Боздошти як нафари дигар бо гумони қаллобӣ дар фурӯши хона дар Душанбе
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи "Киштии Нӯҳ"-и Юнус Юсуфӣ | Қисми 3
Даргузашти Кароматуллоҳи Мирзо, Нависандаи халқии Тоҷикистон дар 83-солагӣ
Нон дар Тоҷикистон чанд сомонӣ аст?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 октябри соли 2025
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста