Намояндагии Созмони байнулмилалии муҳоҷират (СБМ) дар Тоҷикистон ба эътирози Иттиҳодияи ҷамъиятии Маркази дастгирии ҷомеаи шаҳрвандии «Шаҳрванд» дар шаҳри Кӯлоб, ки ба ин созмон нобоварӣ изҳор намуд, расман посух гуфт.
«Изҳороти мо ба нияти рӯшанӣ андохтан ба вазъи вобаста ба интиқоди шадид нисбати намояндагии СБМ дар Тоҷикистон аз ҷониби иттиҳодияи «Шаҳрванд» марбут аст», - гуфта мешавад дар посухи намояндагии СБМ.
Раҳбари намояндагии СБМ дар ҶТ Тайма Курт дар ин робита изҳор намудааст, ки воқеъияти рӯз чунин аст, ки воситаҳои молии аз ҷониби сапрарастон ҷудомешуда тадриҷан коҳиш меёбанд ва мутаассифона, имрӯз бисёр созмонҳо ба ин ҳолат дучор шудаанд.
«Замоне мо бо 56 созмони ҷомеаи шаҳрвандӣ ҳамкорӣ доштем, вале имрӯз ҳамагӣ бо камтар аз 30-то онҳо кор мекунем ва ҳамаи ин дар партави коҳиши захираҳои буҷетӣ сурат мегирад. Иттиҳодияи «Шаҳрванд» яке аз шарикони калидии мо дар бахши муҳоҷирати корӣ аст, ки хонаводаҳои муҳоҷиронро дастгирӣ мекунад. СБМ ташвиши ТҒД-ро қабул дошта, зикр мекунад, ки ноумедӣ дар робита ба коҳиши воситаҳо ҷиҳати амалисозии лоиҳаҳои муҳими иҷтимоиро дарк мекунад. Мо ифтихор дорем, ки бо чунин шарикони касбӣ, ки ҳадафашон беҳбуди сатҳи некӯаҳволии мардуми Тоҷикистон аст, ҳамкорӣ мекунем», - иброз доштааст ӯ.
Дар посух ҳамчунин зикр мегардад, ки барои ноил гардидан ба ҳадафҳо айни замон СБМ аз стратегияе, ки ба ҳамкории мустақим ва фаъолияти муштарак бо ҳукумати Тоҷикистон ва сохторҳои он дар маҳалҳо нигаронида шудааст, истифода мекунад.
Ёдрас мекунем, ки чанде қабл Иттиҳодияи ҷамъиятии Маркази дастгирии ҷомеаи шаҳрвандии «Шаҳрванд» дар шаҳри Кӯлоб ба Созмони байнулмилалии муҳоҷират (СБМ) расман нобоварӣ изҳор намуда , зикр кард, ки аз шарикии минбаъда бо ӯ даст мекашад.




Ҷашни Меҳргон дар Душанбе чӣ гуна таҷлил гардид?
Дар Душанбе шаҳраки нави саноатӣ ва се корхонаи калон ба истифода дода шуд
Интиқодҳо аз сабқати Асҳоб Тамаев дар Душанбе. Дар Тоҷикистон пойгаи мошинҳо иҷозат аст?
“Як паёмак сабаб шуд”. Додситонии Хатлон бархе ҷузъиёти ба дарё андохтани 4 кӯдак аз сӯи модарашонро шарҳ дод
"Моҳӣ дар шаст” соҳиби Шоҳҷоизаи Синамоҷашнвораи байналмилалии “Тоҷи Сомон” шуд. Боз кӣ ва чӣ ҷоиза гирифт?
Боздошти як нафари дигар бо гумони қаллобӣ дар фурӯши хона дар Душанбе
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи "Киштии Нӯҳ"-и Юнус Юсуфӣ | Қисми 3
Даргузашти Кароматуллоҳи Мирзо, Нависандаи халқии Тоҷикистон дар 83-солагӣ
Нон дар Тоҷикистон чанд сомонӣ аст?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 октябри соли 2025
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста