Бозори «Саховат»-и шаҳри Турсунзода, ки қаблан ба оилаи раиси ҲНИТ Муҳиддин Кабирӣ тааллуқ дошт, бо қарори навбатии раиси шаҳри Турсунзода Бобоалӣ Табарзода ба бозори «Варзиш» табдил дода мешавад.
Бузургмеҳр Ёров, адвокати оилаи Кабирӣ мегӯяд, рӯзи 5-уми август раиси шаҳри Турсунзода дастур додааст, ки дар ҷойи бозори «Саховат» маҷмааи варзишӣ бунёд карда шавад, вале худи ҳамон рӯз боз як қарори дигар содир намудааст, ки мувофиқи он, бозор кӯчонида нашуда, он ба бозори асбобу лавозимот, срулибос ва таҷҳизоти варзишӣ табдил дода мешавад.
«Ба саволи чаро нахуст тарҳрезӣ шудани сохтмони маҷмааи варзишӣ ва акнун кӯчонида нашудани бозор ва ба ҷойи он бунёд кардани бозори таъиноти дигар, ба мо посух доданд, ки барои онҳо иваз кардани директори бозор зарур будааст», - гуфт Ёров.
Ба гуфтаи ӯ, мураббии шуъбаи Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳри Турсунзода Муҳаммад Бодаков мувақкатан иҷрокунандаи вазифаи директори бозор таъин шуда, мутобиқи қарори раиси шаҳр, бозори «Саховат» ба тавозуни ҳукумати шаҳри Турсунзода гузаронида шудааст.




Ҷашни Меҳргон дар Душанбе чӣ гуна таҷлил гардид?
Дар Душанбе шаҳраки нави саноатӣ ва се корхонаи калон ба истифода дода шуд
Интиқодҳо аз сабқати Асҳоб Тамаев дар Душанбе. Дар Тоҷикистон пойгаи мошинҳо иҷозат аст?
“Як паёмак сабаб шуд”. Додситонии Хатлон бархе ҷузъиёти ба дарё андохтани 4 кӯдак аз сӯи модарашонро шарҳ дод
"Моҳӣ дар шаст” соҳиби Шоҳҷоизаи Синамоҷашнвораи байналмилалии “Тоҷи Сомон” шуд. Боз кӣ ва чӣ ҷоиза гирифт?
Боздошти як нафари дигар бо гумони қаллобӣ дар фурӯши хона дар Душанбе
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи "Киштии Нӯҳ"-и Юнус Юсуфӣ | Қисми 3
Даргузашти Кароматуллоҳи Мирзо, Нависандаи халқии Тоҷикистон дар 83-солагӣ
Нон дар Тоҷикистон чанд сомонӣ аст?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 октябри соли 2025
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста