Бахшида ба Рузи табибон дар Маркази фарҳанги шаҳри Хуҷанд ҳамоиши идонаи табибон баргузор гардид.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти раиси шаҳри Хуҷанд, дар ин чорабинӣ раиси шаҳр Раҷаббой Аҳмадзода ширкат намуда, тамоми табибон ҳамшираҳои тиббӣ ва кормандони соҳаи тандурустии шаҳрро бо Рӯзи табибон табрик намуд.
«Равнақи соҳаи тиб рукни муҳими сиёсати иҷтимоии давлати мост. Иҷтимоӣ будани соҳаро Сарқонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон эълом доштааст. Ин нукта дар Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон низ таъкид шудааст. «Дар ҳафт соли гузашта тамоюли иҷтимоии беҷети давлатӣ ҳифз гардида, ҳаҷми хароҷот барои соҳаҳои илму маориф, тандурустӣ ва дигар соҳаҳои иҷтимоӣ ҳар сол ба ҳисоби миёна ба андозаи 35 фоиз афзоиш ёфт ва ба 23 миллиард сомонӣ расид. Дар ҳафт соли оянда ҷиҳати ҳалли масоили иҷтимоӣ 70 миллиард сомонӣ равона карда мешавад». Ин ғамхорӣ имконият медиҳад, ки таваҷҷӯҳи аҳли ҷомеа ба таҷдид ва таъмини ҳамаҷонибаи рушди соҳаи тандурустӣ ҷалб гардад ва он аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти мақомоти марказӣ ва маҳаллии ҳокимияти давлатӣ арзёбӣ шавад.»-қайд намуд дар суханронии худ Раҷаббой Аҳмадзода.
Табрикоти Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодириро сардори Раёсати тандурустии вилояти Суғд Собирҷон Собиров ба самъи ҳозирон расонд.
Сардухтури таваллудхонаи шаҳрӣ Шоира Бузрукова, сардухтури беморхонаи касалиҳои сироятӣ Абдусалом Ваҳҳобов барои эътибору таваҷҷӯҳи соҳаи тандурустӣ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва макомоти маҳаллӣ изҳори сипосмандӣ намуданд.
Ба 40 нафар кормандони соҳаи тибби шаҳр Сипосномаи Раиси шаҳри Хуҷанд ва 37 нафар собиқадорони соҳа бошад бо мукофотҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд қадрдонӣ шуданд.
Ёдрас мекунем, ки шурӯъ аз соли 1995 Рӯзи кормандони тиббӣ дар Тоҷикистон маъмулан ба ифтихори зодрӯзи олим ва табиби маъруфи тоҷику форс Абӯалӣ ибни Сино (с. 980 – 1037) санаи 18-уми август ҷашн гирифта мешавад.



Ҷашни Меҳргон дар Душанбе чӣ гуна таҷлил гардид?
Дар Душанбе шаҳраки нави саноатӣ ва се корхонаи калон ба истифода дода шуд
Интиқодҳо аз сабқати Асҳоб Тамаев дар Душанбе. Дар Тоҷикистон пойгаи мошинҳо иҷозат аст?
“Як паёмак сабаб шуд”. Додситонии Хатлон бархе ҷузъиёти ба дарё андохтани 4 кӯдак аз сӯи модарашонро шарҳ дод
"Моҳӣ дар шаст” соҳиби Шоҳҷоизаи Синамоҷашнвораи байналмилалии “Тоҷи Сомон” шуд. Боз кӣ ва чӣ ҷоиза гирифт?
Боздошти як нафари дигар бо гумони қаллобӣ дар фурӯши хона дар Душанбе
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи "Киштии Нӯҳ"-и Юнус Юсуфӣ | Қисми 3
Даргузашти Кароматуллоҳи Мирзо, Нависандаи халқии Тоҷикистон дар 83-солагӣ
Нон дар Тоҷикистон чанд сомонӣ аст?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 октябри соли 2025
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста