Тайи соли ахир шумори аҳолии Тоҷикистон ба миқдори 2,3% зиёд шуд.
Бино ба маълумоти Агентии омори назди президенти ҶТ, ба аввали моҳи июли соли ҷорӣ шумори аҳолии Тоҷикистон зиёда аз 8 млн. 246 ҳазор нафарро ташкил додааст, ки нисбат ба нишондиҳандаи ҳамин давраи соли гузашта 2,3% зиёдтар аст.
Ба иттилои манбаъ, афзоиши қобили мулоҳизаи аҳолӣ дар вилояти Хатлон ва ноҳияҳои тобеи марказ ба қайд гирифта шудаааст,ки шумори аҳолии онҳо муддати як сол 2,5% афзуда, мутаносибан 2 млн. 934 ҳазор ва 1 млн. 898 ҳазор нафарро ташкил додааст.
Гуфта мешавад, дар ин давра шумори аҳолии вилояти Суғд 2,2% зиёд шуда, ба аввали моҳи июли соли ҷорӣ ба 2 млн. 422 ҳазор нафар баробар шудааст.
Дар ҳамин ҳол, тайи соли ахир шумори аҳолии шаҳри Душанбе 1,7% афзуда, айни замон дар пойтахти кишвар қариби 780 ҳазор нафар иқомат доранд.
Зимнан зикр мегардад, ки сатҳи афзоиши камтарини аҳолӣ дар ин давра дар Вилояти Мухтори Кӯҳистон ба қайд гирифта шудааст, ки он 0,9%-ро ташкил медиҳад. Дар ин вилоят, ки қариби нисфи қаламрави Тоҷикистонро ташкил медиҳад, ба аввали нимсолаи аввали соли равон каме бештар аз 213 ҳазор нафар зиндагӣ мекунанд.




Ҷашни Меҳргон дар Душанбе чӣ гуна таҷлил гардид?
Дар Душанбе шаҳраки нави саноатӣ ва се корхонаи калон ба истифода дода шуд
Интиқодҳо аз сабқати Асҳоб Тамаев дар Душанбе. Дар Тоҷикистон пойгаи мошинҳо иҷозат аст?
“Як паёмак сабаб шуд”. Додситонии Хатлон бархе ҷузъиёти ба дарё андохтани 4 кӯдак аз сӯи модарашонро шарҳ дод
"Моҳӣ дар шаст” соҳиби Шоҳҷоизаи Синамоҷашнвораи байналмилалии “Тоҷи Сомон” шуд. Боз кӣ ва чӣ ҷоиза гирифт?
Боздошти як нафари дигар бо гумони қаллобӣ дар фурӯши хона дар Душанбе
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи "Киштии Нӯҳ"-и Юнус Юсуфӣ | Қисми 3
Даргузашти Кароматуллоҳи Мирзо, Нависандаи халқии Тоҷикистон дар 83-солагӣ
Нон дар Тоҷикистон чанд сомонӣ аст?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 октябри соли 2025
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста