Дискоклуби «Диёр» дар Душанбе кӯчонида шуд. Ҳукуматдорон бар ин назаранд, ки ин бино намо (фасад)-и бинои навсохти мактаби миёнаи №8-ро мепӯшонидааст.
Сардори Сарраёсати меъморӣ ва шаҳрсозии назди мақомоти шаҳрдории Душанбе Қудратулло Файзуллоев ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки ҳамчунин бинои дискоклуб дар пушти хатти ба истилоҳ сурх воқеъ будааст, ки мутобиқи нақшаи генералии нав, он ҷо бояд роҳ ҷойгир шавад. «Қаламрави озодшуда ба ихтиёри мактаб супурда мешавад», - иброз дошт ӯ.
Номбурда ҳамчунин зикр кард, ки, ба моликони иншоотҳо дар бинои дискоклуб мақомоти шаҳрдории пойтахт ҷубронпулӣ медиҳад.
Қобили зикр аст, ки бинои нави мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №8-и шаҳри Душанбе моҳи марти соли ҷорӣ бо иштироки президенти мамлакат ба истифода дода шуд. Бинои нави мактаб ба тамоми меъёрҳои банулмилалӣ ҷавобгӯ аст. Он аз ҳисоби воситаҳои буҷет дар ҳаҷми беш аз 30 млн. сомонӣ бунёд гардида, барои таҳсили 2700 нафар толибилмон дар ду баст пешбинӣ шудааст.




Ҷашни Меҳргон дар Душанбе чӣ гуна таҷлил гардид?
Дар Душанбе шаҳраки нави саноатӣ ва се корхонаи калон ба истифода дода шуд
Интиқодҳо аз сабқати Асҳоб Тамаев дар Душанбе. Дар Тоҷикистон пойгаи мошинҳо иҷозат аст?
“Як паёмак сабаб шуд”. Додситонии Хатлон бархе ҷузъиёти ба дарё андохтани 4 кӯдак аз сӯи модарашонро шарҳ дод
"Моҳӣ дар шаст” соҳиби Шоҳҷоизаи Синамоҷашнвораи байналмилалии “Тоҷи Сомон” шуд. Боз кӣ ва чӣ ҷоиза гирифт?
Боздошти як нафари дигар бо гумони қаллобӣ дар фурӯши хона дар Душанбе
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи "Киштии Нӯҳ"-и Юнус Юсуфӣ | Қисми 3
Даргузашти Кароматуллоҳи Мирзо, Нависандаи халқии Тоҷикистон дар 83-солагӣ
Нон дар Тоҷикистон чанд сомонӣ аст?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 октябри соли 2025
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста