Раҳбари Ҳаракати ҷамъиятии умумирусиягии «Муҳоҷирони меҳнатии тоҷик» Каромат Шарифов рӯзи шанбеи ҳафтаи гузашта пас аз бозгашт аз Тоҷикистон ба Маскав бо номаи расмӣ ба сафири Тоҷикистон дар Русия Имомуддин Сатторӣ муроҷиат кард.

Бино ба маълумоти сомонаи расмии Ҳаракати ҷамъиятии умумирусиягии «Муҳоҷирони меҳнатии тоҷик», дар нома «дарёфти роҳу воситаҳои ҳалли ихтилофи пайдомешуда, ки метавонад ба гирдиҳамойии бисёрҳазорнафараи ҷавонони тоҷик дар Маскав боис гардад», зикр шудааст.

«Бо назардошти далели бо шабакаи Интернет фарогир будани ҷавонон, имрӯз ҷавонони тоҷик як ҷомеаи фаъоле мебошанд, ки ҳадафҳо доранду баҳри амалисозии он тасмим мегиранду талош меварзанд», - омадааст дар маълумоти сомона.

Дар нома зарурати «расидагии дақиқ ба тамоми бандҳои талаботи ҷавонон, ки ҷонибдори эҳёи Тоҷикистон мебошанд ва ташкили вохӯриҳо дар макони будубоши шумори зиёди онҳо» таъкид мегардад.

Гуфта мешавад, дар сиёсати дохилу хориҷи худ ҳукумати Тоҷикистон бояд назари насли ҷавони Тоҷикистонро ба инобат бигирад, ки айни замон , ки шумори онҳо дар Русия ба 2 млн. нафар мерасад.

Ҳамчунин Каромат Шарипов аз ҷомеа ва ҳукумати Тоҷикистон даъват кардааст, ки аз бадномкунии дини Ислом, ки тӯли асрҳо дини муқаддаси гузаштагони мо маҳсуб меёбад, даст кашанд.

«Зимни дар ватан қарор доштан К.Шарипов ҳамарӯза тариқи телевизион гузоришҳои маҳкумкунандаи рафтори ношоистаи муллоҳоро тамошо мекард, вале агар ҳатто ин далелҳо ҷой дошта бошанд ҳам, онҳо ба анъанаҳои дини ислом ҳеҷ муносибате надоранд. Тавассути тарғиби дилбазани кирдори ношоистаи баъзе муллоҳо душманони Ислом ба он ноил мегарданд, ки ҷавонон ба ташкилотҳои ифротгаро ҷалб мешаванд. Имрӯз дар нуқтаҳои даргири Сурия ва Ироқ қарор доштани ҳамватанони мо, ки дар он ҷойҳо душманони Ислом ҷанги мусалмонон бо мусалмононро таҳрик додаанд, гувоҳи ин гуфтаҳост», - қайд мешавад дар фарҷоми нома.