Бо мусоидати намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар Русия оид ба муҳоҷират суди шаҳри Маскав қарори суди ноҳияи Нагатинский дар бораи ҷаримабандӣ ва ихроҷи шаҳрванди Тоҷикистон аз қаламрави ин кишварро бекор намуд.

Котиби матбуотии намояндагӣ Иброҳим Аҳмадов ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки ба намояндагӣ бо аризаи нокофӣ будани асос барои содир шудани қарори суди ноҳиявӣ сокини 28-солаи шаҳри Душанбе Давлат Сафаров муроҷиат карда, пас аз омӯзиши тамоми ҳолатҳои мусоидаткунанда ба имкони бекор ё сабуктар шудани ин қарор, намояндагӣ ба зинаи болоии судӣ шикоят бурдааст.

Ба гуфтаи ӯ, суди шаҳри Маскав баъди баррасии тамоми ҳолатҳои парванда қарори суди ноҳиявӣ дар бораи ҷаримабандии маъмурӣ дар ҳаҷми 5 ҳазор рубл бо ихроҷ аз қаламрави Русияро бекор кардааст.

Зимнан зикр гардид, ки давоми моҳҳои июл-августи соли равон бо мусоидати ҳуқуқшиносони намояндагӣ 7 қарори ба ин монанд аз ҷониби зинаи болои судӣ бекор карда шудааст.