Айни замони шумори муштариёни алоқаи мобилӣ дар Тоҷикистон, ки аҳолиаш ба зиёда аз 8 млн. нафар баробар аст, беш аз 11,1 млн. нафарро ташкил медиҳад.
Бино ба маълумоти Агентии омори назди президенти Тоҷикистон тақрибан 6,5 млн. нафари онҳо муштариёни фаъоли шабакаҳо мебошанд.
Дар Хадамоти алоқаи назди ҳукумати Тоҷикистон ин вазъро чунин шарҳ доданд, ки аксари муштариён аз якчанд сим-кортҳо истифода мекунанд ва аз ин рӯ, шумори муштариён аз аҳолии кишвар зиёдтар аст.
Дар ҳамин ҳол, тибқи маълумоти Агентӣ, феълан дар кишвар шумори корбарони шабакаи интернет бо шумули интернети мобилӣ ба беш аз 3,8 млн. нафар расидааст.
Бино ба маълумоти Хадамоти алоқа, ҳаҷми даромади операторони хусусӣ дар нимослаи аввали соли ҷорӣ 1,2 млрд. сомонӣ (240 млн. $)-ро ташкил додааст, ки нисбат ба нишондиҳандаи ҳамин давраи соли гузашта 5,1% зиёдтар аст.
Зимнан зикр гардид, ки дар ин давра ҳаҷми даромади оператори миллӣ – «Тоҷиктелеком» ва «Почтаи тоҷик» ба андозаи 11,5% коҳиш ёфта, 54 млн. сомониро ташкил додаанд.




Ҷашни Меҳргон дар Душанбе чӣ гуна таҷлил гардид?
Дар Душанбе шаҳраки нави саноатӣ ва се корхонаи калон ба истифода дода шуд
Интиқодҳо аз сабқати Асҳоб Тамаев дар Душанбе. Дар Тоҷикистон пойгаи мошинҳо иҷозат аст?
“Як паёмак сабаб шуд”. Додситонии Хатлон бархе ҷузъиёти ба дарё андохтани 4 кӯдак аз сӯи модарашонро шарҳ дод
"Моҳӣ дар шаст” соҳиби Шоҳҷоизаи Синамоҷашнвораи байналмилалии “Тоҷи Сомон” шуд. Боз кӣ ва чӣ ҷоиза гирифт?
Боздошти як нафари дигар бо гумони қаллобӣ дар фурӯши хона дар Душанбе
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи "Киштии Нӯҳ"-и Юнус Юсуфӣ | Қисми 3
Даргузашти Кароматуллоҳи Мирзо, Нависандаи халқии Тоҷикистон дар 83-солагӣ
Нон дар Тоҷикистон чанд сомонӣ аст?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 октябри соли 2025
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста