Раёсати ҳифзи муҳити зисти шаҳри Душанбе дар ҳамдастӣ бо милитсияи экологӣ аз ин ба баъд ҷиҳати пешгирии паҳншавии партовҳо дар ҷойҳои ғайримуқаррарӣ (манъшуда) ҳамарӯза рейдҳои афрвии рӯзона ва шабона доир менамояд.
Сардори Раёсати ҳифзи муҳити зисти шаҳр Толиб Раҳимов ба «Азия-Плюс» дар ин робита изҳор намуд, ки рейдҳое, ки қаблан аз ҷониби милитсияи экологӣ як маротиба дар як ҳафта гузаронида мешуданд, акнун ҳамарӯза аз соати 7 то 10-и субҳ роҳандозӣ карда мешаванд.
«Танҳо чанд рӯз пеш Раёсат сокини шаҳри Душанбе М.Тошкулитоваро барои дар ҷойи ғайримуқаррарӣ, хеле дуртар аз зарфҳои партовгоҳи назди хонааш холӣ кардани партов, ба маблағи 120 сомонӣ ҷаримабандӣ кард», - иброз дошт вай.
Ба гуфтаи ӯ, дар зарфи 6 моҳ аз ҳисоби чунин ҷаримаҳо ба буҷети давлатӣ 80 ҳазор сомонӣ маблағ ворид гардидааст. «Мутобиқи қонунгузорӣ, барои содир шудани чунин амал шахси воқеӣ – аз 40 то 120 сомонӣ, соҳибкорони хусусӣ – аз 200 то 400 сомонӣ ва шахси ҳуқуқӣ – аз 4 то 8 ҳазор сомонӣ ҷарима мепардозанд», - қайд кард Раҳимов.
«Мутаассифона, бархе танбалӣ карда, патовҳоро то зарфи партов намебаранд, ки ин амал ба ифлосшавии муҳити зист боис мегардад ва ин ҳам дар ҳолест, ки дар 4 ноҳияи шаҳри Душанбе 1 ҳазору 688 адад макони партовгоҳ мавҷуд аст», - қайд кард сардори Раёсат.
Бино ба маълумоти Раёсати мазкур, танҳо рӯзи 18-уми август аз шаҳри Душанбе ба партовгоҳи шаҳрии воқеъ дар километри 9-ум беш аз 640 тонна партовҳо бароварда шудаанд.
Толиб Раҳимов мегӯяд, сол то сол ҳаҷми партовҳо зиёд мешаванд, ки дар навбати аввал ба афзудани зарфҳои истифодаи якмаротибагӣ ва лавозимоти гигиенӣ ва сипас ба афзоиши шумори аҳолӣ марбут аст. «Агар дар замони шӯравӣ ба ҳар сари аҳолии пойтахт 114 кило партов дар як сол рост меомад, пас феълан ин нишондиҳанда ба 1,5 тонна баробар шудааст», - афзуд номбурда.




Ҷашни Меҳргон дар Душанбе чӣ гуна таҷлил гардид?
Дар Душанбе шаҳраки нави саноатӣ ва се корхонаи калон ба истифода дода шуд
Интиқодҳо аз сабқати Асҳоб Тамаев дар Душанбе. Дар Тоҷикистон пойгаи мошинҳо иҷозат аст?
“Як паёмак сабаб шуд”. Додситонии Хатлон бархе ҷузъиёти ба дарё андохтани 4 кӯдак аз сӯи модарашонро шарҳ дод
"Моҳӣ дар шаст” соҳиби Шоҳҷоизаи Синамоҷашнвораи байналмилалии “Тоҷи Сомон” шуд. Боз кӣ ва чӣ ҷоиза гирифт?
Боздошти як нафари дигар бо гумони қаллобӣ дар фурӯши хона дар Душанбе
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи "Киштии Нӯҳ"-и Юнус Юсуфӣ | Қисми 3
Даргузашти Кароматуллоҳи Мирзо, Нависандаи халқии Тоҷикистон дар 83-солагӣ
Нон дар Тоҷикистон чанд сомонӣ аст?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 октябри соли 2025
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста