Анонс

- Дар Филармонияи давлатии Тоҷикистон рӯзи хотимавии фестивал-озмуни ҷумҳуриявии «Андалеб-2014» доир гардида, маросими пӯшидашавии он рӯзи 20-уми август соати 17:00 баргузор мешавад. Озмун ба муносибати 20-умин солгарди қабули Сарқонун (Конститусия)-и ҷумҳурӣ гузаронида шуда, ҳадафи он дарёфти ҷавонони соҳибистеъдод ва ҷалби ҳунармандони ҷавон ба фаъолияти эҷодӣ аст.

Қ урби асъор

Қурби асъор нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон), ки Бонки миллии ҷумҳурӣ ба ин сана муқаррар кардааст:

1 доллари ИМА -  4.9797 сомонӣ;

1 евро - 6.6428 сомонӣ;

1 рубли русӣ - 0.1391 сомонӣ.  

Як р ӯ зи таърих

Рӯзи ихтироъкорон ва навоварон.

1960 – Бори нахуст мавҷудоти зиндаи ба кайҳон бароварда – сагҳо Белка ва Стрелка ба Замин баргаштанд.

2003 – Дар тендери сохтмони нақби Анзоб ширкати эронии «Собир» ғолиб дониста шуд.

1515-1580 – Зодрӯзи шоири форсу тоҷик, таърихшинос ва тарҷумон Абдибек Шерозӣ.

1909-1984 – Мавлуди коргардони кино Рафаил Перелштейн.

1954 – Зодрӯзи доктори улуми биологӣ Саидалӣ Гулов.

1961-2001 – Мавлуди овозхон Муборакшо Мирзошоев.

Вазъи обуҳаво

Дар вилояти Хатлон —  Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +17+22, рӯзона +35+40, дар доманакӯҳҳо шабона +12+17, рӯзона +29+34.

Дар вилояти Суғд — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +16+21, рӯзона +31+36, дар доманакӯҳҳо шабона +2+7, рӯзона +20+25.

Дар Ноҳияҳои тобеи марказ   — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +13+18, рӯзона +32+37, дар доманакӯҳҳо шабона +5+10, рӯзона +24+29.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.      

Ҳарорат: дар ғарби ВМКБ шабона +9+14, рӯзона +26+31;  дар шарқи вилоят шабона -2+3, рӯзона +12+17.

Дар шаҳри Душанбе — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.  

Ҳарорат: шабона +13+15, рӯзона +35+37.

Дар шаҳри Қӯрғонтеппа — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: шабона +16+18, рӯзона +36+38.

Дар шаҳри Хуҷанд — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот. 

Ҳарорат: шабона +18+20, рӯзона +34+36.

Дар шаҳри Хоруғ — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.   

Ҳарорат: шабона +10+12, рӯзона +28+30.