Рӯзи 18 август бахшида ба Рӯзи табибон дар Кохи Рӯдакии шаҳри Хуҷанд чорабинии идона доир гардид, ки дар он раиси вилоят Абдураҳмон Қодирӣ иштирок намуд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд, Абдураҳмон Қодирӣ зимни суханронии хеш иди касбии табибонро, ки ҳамасола дар таърихи зодрӯзи алломаи Шарқ Абӯалӣ ибни Сино таҷлил мегардад, ба кормандони соҳаи тандурустӣ табрик гуфт ва изҳори умед намуд, ки табибони вилоят баҳри беҳтар намудани саломатии мардум ва баланд бардоштани сифати хизматрасонии тиббӣ хидматҳои шоистаро анҷом медиҳанд.

Раиси вилоят ҳамзамон гуфт, тибқи дастури Сарвари давлат бо мақсади таъмини фаъолияти пурсамари муассисаҳои тиббӣ ва беҳтар намудани хизматрасонӣ аз тарафи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳру ноҳияҳо доир ба зиёд кардани ҳиссаҷудокунӣ барои таъминоти муассисаҳои тандурустӣ, харидории таҷҳизоти муосири тиббӣ, сохтмони бунгоҳу марказҳои саломатӣ ва таъмиру барқарорсозии муассисаҳои мавҷудаи тандурустӣ, инчунин тарбияи мутахассисони ҷавон тадбирҳои муассир андешида мешаванд.

Зикр гардид, ки дар ин раванд дар нимсолаи аввали соли равон аз буҷети вилоят ба соҳаи тандурустӣ наздик 120 миллион сомонӣ маблағ ҷудо карда шудааст. Бо мақсади сохтмони бунгоҳу марказҳои саломатӣ ва таъмиру барқарорсозии муассисаҳои мавҷудаи соҳавӣ соли 2014 сохтмон ва таъмири 55 иншоотҳои тандурустӣ, 42 шӯъбаҳои муассисаҳои тиббӣ  ба нақша гирифта шудааст.

Бахшида ба иди касбӣ - Рӯзи кормандони тиб аз ҷониби Раиси вилоят ба пешқадамони соҳаи тандурустӣ сипосномаҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва тӯҳфаҳои хотиравӣ супорида шуда, чорабинӣ бо консерти идона ва ҳунарнамоии санъаткорони вилоят поён ёфт.