Муҳаммадӣ Алимардонов, падари муовини нахуствазири Тоҷикистон Муродалӣ Алимардон дар синни 101-солагӣ аз олам даргузашт.

Маросими дафни Муҳаммадӣ Алимардон имрӯз, 23-юми август дар деҳаи Ноҷии ноҳияи Ҳисор баргузор шуд, ки дар ҳамин ҷо иқомат дошт.

Ҳайати кормандони гурӯҳи расонаҳои «Азия-Плюс» ба хешону наздикони марҳум ҳамдардӣ изҳор намуда, барояшон аз даргоҳи Худованд сабри ҷамил металабанд.