Дар пойтахти Тоҷикистон сол то сол мушкилоти падарону модарон, бахусус оилаҳои тоҷик ҷиҳати ба таҳсил фаро гирифтани фарзандонашон ба синфҳои таҳсилоташон бо забони русӣ меафзояд.
Яке аз сокинони шаҳри Душанбе Т.И. ба «Азия-Плюс» дар ин робита изҳор намуд, ки ҳарчанд миллати худаш рус бошад ҳам, вале дар ҳуҷҷати наберааш падару модараш тоҷик зикр гардида, аз ин рӯ, чун шаҳодатномаи набераашро дидаанд, ки миллаташ рус нест, дар чор мактаби пойтахт қабули наберааш ба синфи якуми таҳсилоташ бо забони русиро рад кардаанд ва ҳамчунин изҳор намудаанд, ки дар бораи ба синфҳои русӣ қабул накардани кӯдакон аз оилаҳои тоҷик супориш шудааст.
«Дар мактабҳои №№88, 87, 54 ва 82 ба ман изҳор намуданд, ки дар 1-2 синфи таҳсилоташ бо забони русӣ шумори хонандагон аз миқдори пешбинишуда хеле зиёд аст. Дар мактаби 82-и пойтахт гуфтанд, умуман тайи 2 соли ахир кӯдаконро ба синфҳои ибтидоӣ бо забони русӣ қабул намекунанд, зеро омӯзгорон намерасанд», - иброз дошт ӯ.
Ин зан ҳамчунин илова намуд, ки дар ниҳояти кор бо дахолати Раёсати маорифи ноҳия набераашро ба синфи аввали таҳсилаш бо забони русӣ қабул кунонидааст.
Дар ҳамин ҳол, сардори шуъбаи банақшагирӣ-иқтисодии Раёсати маорифи шаҳр Зариф Бозоров ба «Азия-Плюс» дар ин робита изҳор кард, ки оид ба қабул накардани кӯдакон аз оилаҳои тоҷик ба синфҳои таҳсилоташон бо забони русӣ ҳеҷ супорише мавҷуд набуда, танҳо ба раҳбарияти мактабҳо тавсия дода шудааст, ки ба оилаҳои тоҷик машварат диҳанд, ки кӯдакони худро ба синфҳои русӣ қабул накунанд, чунки минбаъд кӯдак бинобар монеъаи забонӣ ба мушкил дучор нагардад.
«Сол то сол дар пойтахт шумори синфҳои таҳсилоташон бо забони русӣ зиёд мешавад, аммо мушкил сари он аст, ки аксари ин синфҳо ибтидоӣ мебошанд ва волидайн баъди синфи 4 маҷбур мешаванд, ки фарзандонашонро ба синфҳои тоҷикӣ гузаронанд, зеро на дар ҳамаи мактабҳо аз синфи 1 то 11 синфҳои русӣ ҳастанд ва ҷой барои идомаи таҳсил дар синфҳои болоӣ бо забони русӣ хоҳ нохоҳ барои ҳама кофӣ нест», - шарҳ дод Бозоров.
Ба савол бобати сабаби афзудани шумори танҳо синфҳои ибтидоӣ бо забони русӣ, ӯ посух дод, ки имрӯз норасоии омӯзгорон дар синфҳои болоӣ бо забони русӣ ба яке аз мушкилоти умда табдил ёфтааст.
«Асосан аз омӯзгорони забони русӣ оид ба фанҳои дақиқ норасоӣ дорем. Имрӯз як омӯзгор дар синфҳои русӣ якчанд омӯзгорро иваз мекунад. Дигар илоҷе нест. Масалан, муаллими математика дар синфҳои русӣ ҳамзамон аз фанҳои кимиё, биология ва физика низ дарс мегӯяд. Аз ин рӯ, на ҳамаи мактабҳо хоҳиши кушодани синфҳои аз 1 то 11 бо забони русиро доранд», - қайд кард Бозоров.
Ба гуфтаи ӯ, феълан дар қаламрави Душанбе 51 мактаби дорои синфҳои таҳсил бо забони русӣ амал мекунанд: дар ноҳияи Сино – 193 синф (5 ҳазору 896 хонанда), Фирдавсӣ – 174 синф (5 ҳазору 645 хонанда), Сомонӣ – 85 синф (2 ҳазору 851 хонанда) ва Шоҳмансур – 120 синф (4 ҳазору 353 хонанда).
Ғайр аз ин, ба қавли Бозоров, дар зиёда аз 15 гимназияву литсейҳои давлативу хусусӣ низ синфҳои таҳсилоташон бо забони русӣ (синфҳои 1-4 ва 1-11) амал мекунанд. «Дар Душанбе дар маҷмӯъ 656 синфҳои таҳсилоташон бо забони русӣ мавҷуданд, ки дар онҳо 25 ҳазору 263 нафар хонандагон таҳсил мекунанд ва аз шумори умумии хонандагони тамоми мактабҳои пойтахт ин миқдор 14,3%-ро ташкил медиҳад», - афзуд номбурда.




Ҷашни Меҳргон дар Душанбе чӣ гуна таҷлил гардид?
Дар Душанбе шаҳраки нави саноатӣ ва се корхонаи калон ба истифода дода шуд
Интиқодҳо аз сабқати Асҳоб Тамаев дар Душанбе. Дар Тоҷикистон пойгаи мошинҳо иҷозат аст?
“Як паёмак сабаб шуд”. Додситонии Хатлон бархе ҷузъиёти ба дарё андохтани 4 кӯдак аз сӯи модарашонро шарҳ дод
"Моҳӣ дар шаст” соҳиби Шоҳҷоизаи Синамоҷашнвораи байналмилалии “Тоҷи Сомон” шуд. Боз кӣ ва чӣ ҷоиза гирифт?
Боздошти як нафари дигар бо гумони қаллобӣ дар фурӯши хона дар Душанбе
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи "Киштии Нӯҳ"-и Юнус Юсуфӣ | Қисми 3
Даргузашти Кароматуллоҳи Мирзо, Нависандаи халқии Тоҷикистон дар 83-солагӣ
Нон дар Тоҷикистон чанд сомонӣ аст?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 октябри соли 2025
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста