Барномаи Иттиҳоди Аврупо (ИА) аввалин семинарро оиди тараққӣ додани ҳунармандӣ дар Ҷумҳурии Қирғизистон мегузаронад.
Бино ба иттилои намояндагии ИА дар Тоҷикистон, барои он ки иқтидори бозории худро пурра истифода бурда тавонистан ҳунармандон дар давоми 2 ҳафта маводҳои навро истифода аз усулҳои анъанавии қирғизӣ ва зебосозии аврупоии ҳозира замон эҷод мекунанд. Ин мақсади «Семинар оиди эҷод карданӣ маводи наве, ки ба бозори савдои боадолат нигаронидашуда» мебошад, дар чаҳорчўбаи лоиҳаи Иттиҳоди Аврупо "Ҳунармандӣ ва соҳибкорӣ ба воситаи ҳамгироии минтақавӣ ва бозори савдои боадолат" маблағгузаронӣ карда шудааст.
Семинар аз 1-ум то 14 сентябри соли 2014 дар Бишкек баргузор мегардад. Дар ин семинар 20 ҳунарманди перспективӣ аз Ҷумҳурии Қирғизистон дар 4 соҳаи муҳими ҳунармандӣ чун намад, кулолӣ, пӯст, гулдӯзӣ ва матоъ иштирок менамоянд. Омӯзиш мақсади амалӣ дошта, дар устохонаҳои чор ҳунарманди маҳаллӣ бо иштироки зебосоз аз Italian Creative Lab Whomade ( www.whomade.it ) гузаронида мешавад.
Дар давоми ҳафтаи якумин дар омӯзиш ҳамчун мутахассиси AltraQualità ( http://www.altraq.it/ ) иштирок менамояд. AltraQualità кооперативӣ савдои боадолат буда аз соли 2002 маҳсулотҳои ҳунармандиро ба бозорҳои Аврупо воридот мекунад. Whomade ва AltraQualità, ки фалсафаи кориашон ба ҳунармандон дар навоварӣ ва эҷодкуниҳои маводҳо бо риоякунии таърих ва анъана мусоидат менамояд. Ҳамкори бо ин ду ширкати аврупоӣ баъд аз анҷоми семинар идома дорад. Whomade ва AltraQualità то соли 2015 ба ҳунармандон дар эҷодкардани маҳсулотҳои нав ва ҷойгиркардани онҳоро дар бозорҳои Аврупо кӯмаки худро мерасонанд. Дар Душанбе (Тоҷикистон) соли 2015 ин ду шаркат семинари дуюминро баргузор менамоянд.
Семинар яке аз ташаббуси «Клуби Хизматии Бишкек» буда, барои хизматрасонӣ бо сифати баланд ба ҳунармандон ва мусоидат намудан ба бозори маҳаллӣ ва беруна баровардани маҳсулот ёри мерасонанд.
Лоиҳаи "Ҳунармандӣ ва соҳибкорӣ ба воситаи ҳамгироии минтақавӣ ва бозори савдои боадолат" дар давоми 2 сол амалӣ гашта, дар чаҳорчўбаи барномаи Иттиҳоди Аврупо "Осиёи Марказӣ - Инвест" маблағгузорӣ гардида, ба ҳамкории байни Тоҷикистон ва Қирғизистонро дар рушти соҳибкории миёна, махсусан дар бахши ҳунармандӣ, вусъат мебахшад.
Ташкилоти ғайритиҷоратии фонд Cesvi иҷрокунандаи асосии лоиҳа буда, инчунин маблағгузорӣ мекунад. Буҷаи ташкилот 590 000 евроро ташкил медиҳад.



Ҷашни Меҳргон дар Душанбе чӣ гуна таҷлил гардид?
Дар Душанбе шаҳраки нави саноатӣ ва се корхонаи калон ба истифода дода шуд
Интиқодҳо аз сабқати Асҳоб Тамаев дар Душанбе. Дар Тоҷикистон пойгаи мошинҳо иҷозат аст?
“Як паёмак сабаб шуд”. Додситонии Хатлон бархе ҷузъиёти ба дарё андохтани 4 кӯдак аз сӯи модарашонро шарҳ дод
"Моҳӣ дар шаст” соҳиби Шоҳҷоизаи Синамоҷашнвораи байналмилалии “Тоҷи Сомон” шуд. Боз кӣ ва чӣ ҷоиза гирифт?
Боздошти як нафари дигар бо гумони қаллобӣ дар фурӯши хона дар Душанбе
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи "Киштии Нӯҳ"-и Юнус Юсуфӣ | Қисми 3
Даргузашти Кароматуллоҳи Мирзо, Нависандаи халқии Тоҷикистон дар 83-солагӣ
Нон дар Тоҷикистон чанд сомонӣ аст?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 октябри соли 2025
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста