Муҳоҷири кории тоҷик бинобар сабабӣ нокомӣ дар муҳаббат ба худкушӣ даст задааст.
Бино ба иттилои Комсомольская правда , шаҳрванди 24-солаи Тоҷикистон, ки дар Маскав кор мекардааст, ба иллати аз ҷониби дӯстдоштааш – зодаи шаҳри Козьмодемянск (Марий Эл) рад шудани муҳаббаташ ба ӯ ба ин амал даст задааст.
«Ҷавонон дар Маскав бо ҳам шинос шуда, сипас барои шиносоӣ бо волидайни духтар ба Чувашия меоянд, вале эҳсосоти духтар нисбати ҷавон дар зодгоҳаш камтар шуда, ба ӯ беаҳамият мешавад», - менависад нашрия.
Ба иттилои манбаъ, ҷавон нияти бозгашт ба ватанро карда, билет мехарад ва барои хайрухуш ба хонаи волидайни дӯстдоштааш меояд, вале маълум мешавад, ки духтар аллакай мудддати чанд шабонарӯз аст, ки дар хонааш пайдо нашудааст. «То рӯзи дигар ӯ духтарро мунтазир шуда, сипас аз эҳсосоти зиёд рагҳои хунгарди худро мебурад ва хушбахтона кӯдакон инро дида, мошини ёрии таъҷилии тиббиро даъват кардаанд», - омадааст дар хабари нашрия.
Гуфта мешавад, пас аз наҷоти ҳаёти ҷавони ноком дар беморхона, маълум мешавад, ки ӯ дар қаламрави Русия ғайриқонунӣ иқомат дорад. «Аз муассисаи тиббӣ ошиқро кормандони хадамоти муҳоҷират ба суд меоранд ва суд дар бораи истирдоди муҳоҷир ба ватан қарор содир мекунад», - қайд мешавад дар иттилоъ.
Зимнан зикр мегардад, ки акнун муҳоҷир аз ҳисоби давлат ба ватан бармегардад ва маблағи зиёди пулиеро, ки барои роҳпулӣ фиристодаанд, дар ихтиёри худи ӯ боқӣ мемонанд. «Дар Тоҷикистон бо ин маблағ як оила муддати як соли комил бидуни мушкиле зиндагӣ карда метавонад», - таъкид месозад нашрияи русӣ.




Ҷашни Меҳргон дар Душанбе чӣ гуна таҷлил гардид?
Дар Душанбе шаҳраки нави саноатӣ ва се корхонаи калон ба истифода дода шуд
Интиқодҳо аз сабқати Асҳоб Тамаев дар Душанбе. Дар Тоҷикистон пойгаи мошинҳо иҷозат аст?
“Як паёмак сабаб шуд”. Додситонии Хатлон бархе ҷузъиёти ба дарё андохтани 4 кӯдак аз сӯи модарашонро шарҳ дод
"Моҳӣ дар шаст” соҳиби Шоҳҷоизаи Синамоҷашнвораи байналмилалии “Тоҷи Сомон” шуд. Боз кӣ ва чӣ ҷоиза гирифт?
Боздошти як нафари дигар бо гумони қаллобӣ дар фурӯши хона дар Душанбе
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи "Киштии Нӯҳ"-и Юнус Юсуфӣ | Қисми 3
Даргузашти Кароматуллоҳи Мирзо, Нависандаи халқии Тоҷикистон дар 83-солагӣ
Нон дар Тоҷикистон чанд сомонӣ аст?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 октябри соли 2025
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста