Зимни мулоқот бо сокинони ноҳияи Вахш раиси вилояти Хатлон Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода аз раисони шаҳру навоҳӣ талаб кард, ки рафти ҷамъоварии ҳосили пахтаро зери назорат гирифта, ҳисобу китоби дурусти онро таъмин намоянд ва ба изофанависӣ роҳ надиҳанд.

Ба гуфтаи ӯ, изофанависӣ ба тамоми ҷомеъа, бахусус ба рушди иқтисодиёти кишвар ва ба раванди сармоягузорӣ таъсири манфӣ мерасонад. «Сармоягузорон пеш аз равона намудани маблағҳояшон меомӯзанд, ки дар он давлат чӣ истеҳсол мешавад. Ва оё агар ман маблағамро онҷо равона намоям, фардо онро баргардонда метавонам ё не? Агар ҳис   кунад, ки дар ҳисоботҳои он давлат изофанависӣ аст, пас ба ҳеҷ сурат маблағашро ба он ҷо намефиристад. Шумо ҳақиқатро нависед ва пешниҳод кунед. Он чизе, ки ҳаст», - қайд намуд раиси вилоят.

Дар идома Гулмаҳмадзода гуфт, ки давлат аз деҳқон ба ғайр аз андози ягона, дигар ягон намуди андоз намеситонад ва деҳқон бояд бифаҳмад, ки давлат аз ӯ танҳо ҳисоби дақиқи истеҳсоли маҳсулоташро талаб мекунад.  «Ӯ ба кӣ мефурӯшад ва бо кадом нарх мефурӯшад, давлат кордор нест», - иброз дошт раиси вилоят.

Раиси вилоят ба раёсати омори вилоят, раисони ҷамоатҳо, идораҳои кишоварзӣ ва раисони шаҳру навоҳи дастури қатъӣ дод, ки ҳисобу китоби дурусти ҳосили пахтаро таъмин намоянд.

«Соли 2013  сад ҳазор тонна пахтаи вилоят бедарак ғайб задааст. Дар ягон ҳисобот намегузарад, куҷо рафтааст. Аз ин хотир  назорати ҷамъоварии пахта зери назорат  гирифта шавад, то ки ҳисобу китоби истеҳсоли онро мо донем, - илова намуд Гулмаҳмадзода.

Бояд ёдовар шуд, ки зимни як нишасти хабарӣ вобаста ба натиҷаҳои ҷамъбасти хоҷагии халқи вилоят дар нимсолаи авали соли равон Гулмаҳмадзода гуфта буд, ки 52 нафар шахсони мансабдори сатҳҳои гуногун барои изофанависӣ ба муҷозот кашида шуда, 46 нафарашон аз мансабҳои ишғолнамудаашон озод гардидаанд.