Беш аз 100 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар бозори «Садовод»-и шаҳри Маскав машғули коранд, дар номаи худ ба унвони сафири Тоҷикистон дар Русия Имомуддин Сатторов фаъолияти ташкилотҳои машғул ба масоили муҳоҷиронро маҳкум мекунанд. Муҳоҷирон мутмаинанд, ки ҳар кадоме аз ин созмону ташкилотҳо манфиатҳои худашро аз манфиатҳои муҳоҷирон боло мегузорад.
Дар мактубе, ки нусхааш ба идораи «Азия-Плюс» дастрас шуд, онҳо аз дипломат ҳимояти муҳоҷиронро дархост мекунанд. «Мо аз шумо ҳамчун шахси расмии давлати мо дархост карданием, ки аз ҳуқуқҳои мо нисбати ин ташкилотҳо ҳимоят кунед, зеро онҳо фикри ҳифзи ҳуқуқҳои моро надошта, илова бар ин, бо овоза кардани гӯё ба кори таҳқиркунанда машғул будани мо, ҳуқуқҳои моро поймол мекунанд. Дар куҷову чӣ кор карданро мо худ ҳаққи интихоб дорем», - омадааст дар мактуб.
Дар муроҷитанома ҳамчунин зикр мегардад, ки онҳо моҳҳо кор карда, вале музди меҳнаташонро гирифта наметавонистанд ва он замонҳо ин ташкилотҳо хомӯширо авло дониста буданд ва «чун имрӯз ҳоли мо рӯ ба беҳбудӣ овард, акнун моро мавриди ҳадаф қарор дода, тасдиқ мекунанд, ки мо ба имиҷи кишвар латма мезанем!», - қайд мешавад дар нома, вале дар он номи созмону ташкитлотҳое, ки аз он муҳоҷирон шикоят доранд, зикр нагардидааст.
Муҳоҷирон чунин навиштаанд: «Шумо намояндаи расмии кишвари моед ва танҳо сухани шумо барои мо арзиш дорад. Боқимонда дигар ташкилотҳо, ҳатто агар ғайриҳукуматӣ ҳам бошанд, ҳамеша манфиати худро аз ҳама чизу ҳама кас болотар мегузоранд».
Зери ин мактуб 150 нафар муҳоҷирони машғули кор дар бозори «Садовод»-и шаҳри Маскав имзо гузоштаанд, ки тоҷирону боркашонон ва афроди дигар касбу кор мебошанд.
Яке аз муҳоҷирони зери мактуб имзогузошта бидуни ифшои ному насаб ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки ахиран чанде аз намояндагони ташкилотҳои ҷамъиятӣ бори дигар хостааанд, ки аз ҳисоби муҳоҷирон «маблағе ба даст оранд», вале чун муҳоҷирон аз ин воқиф гаштаанд, бадномкунии онҳо оғоз гардидааст.
«Маҳз барои ҳамин мо ба сафири ҶТ дар Русия ҷиҳати фаъолтар будан дар чунин ҳолатҳо муроҷиат кардем, зеро он гунае, ки роҳбари Ҳаракати ҷамъиятии умумирусиягии «Муҳоҷирони меҳнатии тоҷик» Каромат Шарифов гуфтааст, аслан ин тавр нест, ин ҷо ҳуқуқҳои мо поймол намешаванд, мо дар шароити ғуломона умр ба сар намебарем», - иброз дошт ин муҳоҷир.




Ҷашни Меҳргон дар Душанбе чӣ гуна таҷлил гардид?
Дар Душанбе шаҳраки нави саноатӣ ва се корхонаи калон ба истифода дода шуд
Интиқодҳо аз сабқати Асҳоб Тамаев дар Душанбе. Дар Тоҷикистон пойгаи мошинҳо иҷозат аст?
“Як паёмак сабаб шуд”. Додситонии Хатлон бархе ҷузъиёти ба дарё андохтани 4 кӯдак аз сӯи модарашонро шарҳ дод
"Моҳӣ дар шаст” соҳиби Шоҳҷоизаи Синамоҷашнвораи байналмилалии “Тоҷи Сомон” шуд. Боз кӣ ва чӣ ҷоиза гирифт?
Боздошти як нафари дигар бо гумони қаллобӣ дар фурӯши хона дар Душанбе
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи "Киштии Нӯҳ"-и Юнус Юсуфӣ | Қисми 3
Даргузашти Кароматуллоҳи Мирзо, Нависандаи халқии Тоҷикистон дар 83-солагӣ
Нон дар Тоҷикистон чанд сомонӣ аст?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 октябри соли 2025
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста