Шумори занони тоҷике, ки кӯдакони худро дар мактаб-интернатҳо гузошта, худ барои коркунӣ озими Русия мешаванд, торафт зиёд мешавад.

Директори мактаб-интернати №4-и шаҳри Душанбе Саидбаҳриддин Муъминов мегӯяд, тарбияи кӯдакони аз ҷониби модарони танҳо гузошташуда хеле душвор аст. «Аксари модарон барои ба тарбияи давлат фаро гирифтани кӯдаконашон ба давлат, мақомоти шаҳрдорӣ ё ҳукуматҳои маҳаллӣ ариза медиҳанд ва баъди аз ҷониби комиссия маъқул шуморида шудан, ба кӯдакон ҷиҳати иқомати муваққатӣ дар мактаб-интернатҳо иҷозат медиҳанд, вале аксари модарон дигар фарзандони худро бозгашт намегиранд. Тарбияву кор бо онҳо хеле душвор аст, онҳо бо кӯдакони дигар робита накарда, дар кунҷе доимо гирёнанд», - иброз дошт ӯ.

Муъминов мегӯяд, барои дар мактаб монондани фарзандонашон волидайн аз комиссияи махсус мегузаранд, ки дар он ҷо вазъи оила, макони қайди он ва хешовандони наздики онҳоро муайян мекунанд. «Танҳо ҳамин моҳ мо тақрибан 24 нафар кӯдаконро қабул кардем, ки 18 нафарашонро модаронашон гузоштаанд ва боқимонда кӯдакони ятим аз хонахои кӯдакон мебошанд», - қайд кард вай.

Ҳалима, модари 40-сола аз шаҳри Турсунзода, ки писараш Саидро муддати як сол дар интернат гузоштааст, мегӯяд ба ин кор маҷбур аст: «Шавҳарам дар Русия зани дигареро ба ҳамсарӣ гирифт. Агар кӯдакро дар хонаи оилаи шавҳарам гузорам, ятим гуфта, ӯро азобу шиканҷа медиҳанд, назди хешовнадонам гузорам, таъна хоҳанд кард, ки падараш ӯро партофтааст. Айни замон барои ман кор пайдо кардаанд ва ман бояд танҳо ба сафар бароям. Чун маблағе кор кардам, меояму ӯро аз интернат мегирам».

Бино ба маълумоти Хадамоти федералии муҳоҷирати Русия, айни замон шумори шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар қаламрави Русия кору зиндагӣ мекунанд, 1 млн. 80 ҳазор нафарро ташкил медиҳад, ки аз ин шумор 904,2 ҳазор нафарашон- мардон ва 176,1 ҳазор нафарашон – занон мебошанд.