Таҳти раёсати раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев бо иштироки масъулини сохторҳои марбута ҷаласаи навбатии шаҳрдорӣ доир гардид, ки дар он масоили омодагирии пойтахт ба таҷлили 23-солагии Истиклолияти давлатӣ ва истиқболи 90-солагии мақоми пойтахтро доро гардидани шаҳри Душанбе баррасӣ шуданд.

Бино ба иттилои сухангӯи раиси пойтахт Шавкат Саидов, барои дар сатҳи заруриву шоиста пешвоз гирифтани ин ҷашнҳо М.Убайдуллоев ба хадамоти дахлдор ҷиҳати аз 1-уми сентябр то 1-уми ноябр амалӣ намудани барномаҳои қаблан тарҳрезишуда дастуру супориш дода, таваҷҷуҳи ҳозиринро ба анҷоми хушсифати сохтмони иншооти ҷашнӣ бо харҷи 721,4 млн. сомонӣ ҷалб намуд.

«Раиси пойтахт қайд кард, ки ба ифтихори 23-солагии Истиклолияти давлатӣ дар баробари мактабу манзилҳои истиқоматӣ, иншооти варзишӣ ва меҳмонхонаҳои нав, дар пойтахт ҳамчунин корхонаҳои нави саноатӣ бо 1,5 ҳазор ҷойи корӣ мавриди истифода қарор дода мешаванд», - гуфт номбурда.

Зимнан зикр гардид, ки дар ҷаласа ҳамчунин масъалаҳои таъмини бозорҳои пойтахт бо маҳсулоти мавриди ниёзи аввалия, пешгирии фаъолияти қаллобону фиребгарон дар бозорҳо, ки ба болоравии сунъии нархҳо боис мегарданд, низ баррасӣ шуданд.