Рӯзи 26 август раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ ба ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ташриф оварда, ба оилаи Нуъмонҷон Набиев, ки бар асари муноқишаи марзӣ ҳалок гардид, изҳори ҳамдардӣ намуд.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд, Абдураҳмон Қодирӣ ҳамзамон ба беморхонаи марказии ноҳия ташриф оварда, бо вазъи нафароне, ки дар ин муноқишаи сарҳадӣ аз тири марзбонони Ҷумҳурии Қирғизистон ҷароҳат дидаанд, шинос гардид. Раиси вилоят ба масъулини ниҳодҳои дахлдор супориш дод, ки ин шаҳрвандон бо дорувории зарурӣ таъмин карда шуда, вазъи саломатии онҳо зери назорати ҷиддӣ гирифта шавад.
Хотиррасон бояд кард, ки тахминан соатҳои 18.20 дақиқаи шоми 25 август аз ҳудуди ноҳияи Лайлаки Қирғизистон сарҳадбонони мусаллаҳҳи қирғиз ба суи сарҳадбонон ва аҳолии осоиштаи ҷамоати деҳоти Овчиқалъача аз силоҳ тир кушоданд. Бар асари он 2 шаҳрванди Тоҷикистон Азамат Азимов, сардори гурӯҳи сарҳадбонӣ ва сокини ҷамоати Овчӣ-Қалъачаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Нӯъмонҷон Набиеви 25-сола ба ҳалокат расида, 5 тани дигар захмӣ шудаанд.
Вазорати хориҷаи Тоҷикистон рӯзи 26 август дар робита ба задухӯрди шоми 25 август дар марзи ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд бо ноҳияи Лайлаки Қирғизистонба ҷониби Қирғизистон ёддошт фиристод.
Гуфта мешавад, дар ҷамоати Овчиқалъача алҳол як ситод таъсис дода шудааст ва вазъи минтақа зери назорат қарор дорад.
Қобили зикр аст, ки Тоҷикистону Қирғизистон ҳудуди 970 километр марзи муштарак доранд, ки беш аз 460 километраш то ҳол таъйин ва аломатгузорӣ нашудааст.



Ҷашни Меҳргон дар Душанбе чӣ гуна таҷлил гардид?
Дар Душанбе шаҳраки нави саноатӣ ва се корхонаи калон ба истифода дода шуд
Интиқодҳо аз сабқати Асҳоб Тамаев дар Душанбе. Дар Тоҷикистон пойгаи мошинҳо иҷозат аст?
“Як паёмак сабаб шуд”. Додситонии Хатлон бархе ҷузъиёти ба дарё андохтани 4 кӯдак аз сӯи модарашонро шарҳ дод
"Моҳӣ дар шаст” соҳиби Шоҳҷоизаи Синамоҷашнвораи байналмилалии “Тоҷи Сомон” шуд. Боз кӣ ва чӣ ҷоиза гирифт?
Боздошти як нафари дигар бо гумони қаллобӣ дар фурӯши хона дар Душанбе
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи "Киштии Нӯҳ"-и Юнус Юсуфӣ | Қисми 3
Даргузашти Кароматуллоҳи Мирзо, Нависандаи халқии Тоҷикистон дар 83-солагӣ
Нон дар Тоҷикистон чанд сомонӣ аст?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 октябри соли 2025
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста